Jump to content

Варзиш ТВ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ТВ Варзиш
Мамлакат  Тоҷикистон
Минтақаи пахш  Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе, Тоҷикистон
Формати тасвир DVB-S/MPEG-4/HD
Оғоз 1 марти соли 2016
Бинандагон наздики 20 миллион
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони «Варзиш»
Каналҳои хоҳар

Тоҷикистон ТВ Тоҷикистон

Тоҷикистон ТВ Футбол
Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо
Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Тоҷикистон ТВ Сафина
Тоҷикистон ТВ Синамо
Тоҷикистон ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Шиор "Варзиш муаррифгари миллат аст!"
Сайт varzishtv.tj
Дастрасӣ
Спутник
YAHSAT 1A 11785 H 27500 3/4 
NSS 12 11565 H 10740 3/4 

ТВ Варзиш (Варзиш HD/Sport HD) — шабакаи телевизионии давлатӣ, умумимиллию варзишии Тоҷикистон, ки аз 1 марти соли 2016 дар ҳудуди Тоҷикистон ба таври 24 соат, шабонарӯзӣ намоиш дода мешавад. ТВ Варзишро дар хориҷи Тоҷикистон бо ёрии телевизионҳои моҳворавӣ ва ё интернет тамошо кардан мумкин аст. Дар сомонаи расмии шабака низ тамошобинон метавонанд, барномаҳоро дар пахши зинда бо сифати HD тамошо намоянд.

Тестҳои техникиаш аз 19 феврали соли 2016 бо моҳвораи Yahsat 1A (мавқеи корӣ 52,5°E) дар сифати HD, бе коддарорӣ, бо параметри: 11938 МГц, поляр. H, SR 27500, FEC.

Шабакаи телевизионии "ТВ Варзиш" ҳуқуқи пахшнамоии мусобиқаҳои ҷаҳониро мисли: Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, Бозиҳои Тобистонаи Олимпии 2016, чемпионатҳои футболии қораӣ ва миллӣ, чун Премер-Лигаи Англия, Чемпионати Футболии Испания, Лигаи Қаҳрамонҳои УЕФА. Забони аслии телеканал — тоҷикӣ, як қисми барномаҳо бо забони русӣ барномарезӣ мешаванд.

Тамошобинони ТВ Варзиш зиёда аз 20 миллион нафарро ташкил медиҳанд, аз онҳо, 9 миллионаш аз Тоҷикистон ва бақияаш аз Афғонистон, Ӯзбекистон, Эрон, Русия ва давлатҳои Аврупою ИМА мебошанд.

cod bass in yahssat 2020 (20 20 AB EB CD 01 03 D1)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]