Баҳси корбар:Najibullo Safaraliev/Сиёҳнавис
Зоҳир
Ба корбар:Najibullo Safaraliev Дуруд ба корбари Википедиаи Тоҷикӣ. Барои иқдоми аввалинатон дар вироиши мақолаҳо ташаккур.
Мақолаи дар сиёҳнавис навиштаатон алҳол дар ВП тоҷикӣ навишта шудааст Нигаред: Ато Аҳроров (яъне ранги мақола кабуд бошад дар ВП → ҲАСТ) . Онро аз сарчашмаҳои боэътибори дигар пурра карда метавонед. Барои навиштани мақола Чӣ кор бояд кард:
- Ҷустуҷӯ (поиск) дар сомонаҳои тоҷикзабон дар бораи шахси интихобгардида Масалан: варзишгар ё футболбоз бошад, сомонаи Варзиш, Футбол ва диг. Адибони Тоҷикистон бошанд аз сомонаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҷустуҷӯ кунед;
- Дар мақолаи нав Барои муаррифии шахсият аз чунин шаблонҳо → Шаблон:Шахсият, Шаблон:Варзишгар, Шаблон:Олим, Шаблон:Адиб шурӯъ кунед ва қисматҳояшро пурра гузоред. (ё ин ки аз мақолаҳои ВП-и русӣ ё англисӣ зиндагиномаи шахси интихобшударо тарҷума кунед);
- Бидонед::мақолаҳои бе манбаъ (сарчашмаи боэътимод) вироишнамуда яъне (бе номи саҳифа дар сомонаи интернетӣ, ё ин ки – иқтибосе аз адабиёт бо таълифи ному насаби муаллиф, номи мақолаи китоб (маҷалла ва диг), шаҳр, нашриёт, соли нашр, миқдори саҳифаҳо ва ғ.) ҳатман пок (ҳазф) карда мешаванд; (ниг. ба намунаҳои мақолаҳои ВП русӣ ё англисӣ сарчашмаро нусха намуда гузоред);
- Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳи мавзуотӣ таалуқ доштани мақоларо гузоред. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП одатан навишта мешавад).
Таклифу дархостҳо ва мушкилатонро метавонед дар саҳифаи мубоҳисавӣ баррасӣ намоед.
Бо эҳтиром -- Шухрат Саъдиев (talk) 10:58، 25 Апрел 2017 (UTC)
Start a discussion about Корбар:Najibullo Safaraliev/Сиёҳнавис
Talk pages are where people discuss how to make content on Википедиа the best that it can be. You can use this page to start a discussion with others about how to improve Корбар:Najibullo Safaraliev/Сиёҳнавис.