Jump to content

Баҳси корбар:Najibullo Safaraliev

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мӯҳтарам Najibullo Safaraliev Шумо мақолаеро дар саҳифаи корбарии хеш эҷод карда истодаед, ки ин амал ба талаботи Википедиа ҷавобгӯ нест ва ҳазф карда мешавад.

Бо мақсади викифонидани мақолаҳои нав ба талаботи Роҳнамои Википедиа риоя кунед.

  1. Аввал андеша намоед, ки мақолаатон барои Донишномаи энсиклопедӣ ягон арзише дорад ё не? Якчанд мақолаҳои тоҷикиро аввал мутолиа ва барои ёд гирифтан, таҳрири забонӣ кунед.
  2. Барои вироиши мақола ба саҳифаи Википедиа:Чӣ тавр мақола бояд сохт ва ба дастури Википедиа:Вироиши мақолаҳо ‎нигоҳ кунед, омӯзед ва мувофиқи он амал кунед.
  3. Барои эҷоди мақолаи нав аз мақолаҳои вироишгардидаи Википедиа ҳамчун намуна истифода баред.
  4. Бидонед: мақола (иловаҳо ба он) бе иқтибос аз сарчашмаи боэътимод (бо тасвири библиографии китоб, ё ин ки номи суроғаи электронии сомона) минбаъд ҳазф мегардад.
  5. Дар охири мақола ҳатман ба кадом гурӯҳ таалуқ доштани мақоларо нависед. Нигаред: ба зергурӯҳҳои ба мазмуни мақолаатон монанд (дар поварақи мақолаҳои ВП навишта шудааст).

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 13:59، 24 Апрел 2017 (UTC)

Дар гурӯҳбандӣ бодиққат бошед

[вироиши манбаъ]

Дар гурӯҳбандӣ бодиққат бошед, дар ин мақола Гурӯҳ:Физика оварда шуда буд, ки саҳви ҷиддӣ аст. Ниг. ба ислоҳи гурӯҳҳо.

Минбаъд мафҳуми навиштаатонро дар ВП русӣ ҷустуҷу кунед, онҷо гурӯҳи заруриро ёфта метавонед. Гурӯҳи ба забони русӣ навишташударо тарҷума кунед, ва ба тоҷикиаш сабт намоед.

Бо эҳтиром--Шухрат Саъдиев (talk) 11:40، 9 августи 2017 (UTC)

Шаблонҳоро нисбати касбу кори шахсиятҳо истифода баред

[вироиши манбаъ]

Шаблонҳоро нисбати касбу кори шахсиятҳо дар мақолаҳо истифода баред.

Монанди — Шаблон:ОлимШаблон:Мусиқидон, — Шаблон:ШахсиятШаблон:АдибШаблон:Ходими давлатӣШаблон:Вазифаи давлатӣ ва ҳамаи фаслҳои таблитсаи шаблонро аз сарчашма пур кунед. Шаблонҳоро нимкола пур накунед, ба охир расонед.

Бо эҳтиром --Шухрат Саъдиев (talk) 05:13، 11 октябри 2017 (UTC)

Номи қисмати мақола

[вироиши манбаъ]

Камбудиҳои мавҷуда:

  • Дар номи қисмати мақола беҳтар аст, ки ба ҷойи == Ашъор == > ==Эҷодиёт== гузоред.
  • Минбаъд ҳамаи шоирону нависандагон, тарҷумононро новобаста аз давру замон ва мамлакат ба w:tgГурӯҳ:Адибон аз рӯи алифбо дохил кунед.

--Шухрат Саъдиев (talk) 13:18، 17 ноябри 2017 (UTC)

  • Дар Шаблон:Шахсият қисматҳояшро аз рӯи шаблон нимкола нагузошта ақалан қисматҳои асосиашро пур кунед. Ниграред ба ислоҳи мақолаи Ализода Зариф
  • Дар тасвири библиографии адабиёт камбудии ҷиддии имлои забони тоҷикӣ дида мешавад. Ниг. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д., 1999 Оё баъд аз вергул бо ҳарфи калон Д., 1999 менависанд?
  • Ба шакли дурусташ нигаред (ин ҳам шакли мухтасар карда шудааст): Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Д., 1999 --Шухрат Саъдиев (talk) 16:46، 17 ноябри 2017 (UTC)

" Чаро ==Зиндагинома== нест шуд ва онро бо == Солхои фаьолият == иваз кардаед?Шухрат Саъдиев (talk) 10:22، 30 ноябри 2017 (UTC)

Шаблонро иваз кунед

[вироиши манбаъ]

Najibullo Safaraliev Ҷумъахон Алимӣ олим аст. Лутфан, Шаблон:Олимро истифода баред, на ин ки шаблон:Шахсиятро, ки дар сатри аввал калимаи Шахсиятро ба Олим иваз намудаед. Дар Шаблон:Олим қисматҳояшро аз маълумоте, ки овардаед, ҳатман гузоред.

Огоҳии аввалин

[вироиши манбаъ]

Саросема (барои зиёд намудани шумораи мақолаҳоятон?) нашаведу мақолаатонро пурра ба охир расонед. Ҳеҷ кас ба ҷойи Шумо камбудиатонро ислоҳ намекунад. Огоҳии аввалин, камбудиҳо такрор шаванд вироишатон ҳазф хоҳад шуд. --Шухрат Саъдиев (talk) 17:10، 30 ноябри 2017 (UTC)

Салом мӯҳтарам Najibullo Safaraliev. Ман барои Корбар:FootBot дархост ба унвони бот додам ва аз Шумо хоҳиш дорам, ки фикри худро дар инҷо баён карда бошед. Бо эҳтиром Тулӯъи футбол 14:16، 17 Декабри 2017 (UTC)

Салом ҳоли камтар натиҷаи корҳоятро бубинам баъдан хулосаамро мебарорам.--Najibullo Safaraliev (talk) 05:35، 19 Декабри 2017 (UTC)
Ташаккур, барои ҷавобатон. Тулӯъи футбол 14:53، 19 Декабри 2017 (UTC)