Баҳс:Муҳаммадиқболи Садриддин
Огоҳӣ барои риоят нашудани қоидаҳои викинависӣ
[вироиши манбаъ]Ин шахс сиёсатмадор нест! Лутфан ба ҷои шаблони {{Сиёсатмадор}} шаблони {{Шахс}}-ро гузоред. Ҳамчунин дидгоҳи бетараф ҳанӯз ҳам риоя нашудааст, дар мақола фақат як сарчашмаи хабарӣ Озодӣ (яктарафа!) истифода шудааст, ки 32%-и мақола айнан ва ҳарф ба ҳарф аз он кӯчонида шудааст. Ва танҳо сарчашмаи дигаре ки шумо аз он ёд кардаед ва паноҳандагии сиёсӣ гирифтани ин шахсро дар Фаронса таъйид кардан хостед, дар он ҳарфе аз Фаронсаву паноҳандагб вуҷуд надорад. Лутфан бо истифода аз вебгоҳҳои дигар тараф ва ва назари Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоларо бознависӣ кунед, дар ҳоли риоя накардан ва бардоштани шаблонҳои огоҳидиҳанда, мақола пурра ҳазф хоҳад шуд! --Дӯстмурод Саид (баҳс) 05:14, 15 марти 2021 (UTC)
Мақола бо ишораҳои зикршуда, дуруст карда шуд. Ба иттилоъи --Дӯстмурод Саид (баҳс)
- Таъриф (дефиниция)-и мақола ба сарчашмаи овардаатон (он ҳам аз мухолифин аст), ҳеч алоқае надорад!!! 1 миллиону панҷсад ҳазор нусха китоб нашр ва беш аз 118 китоб аз забони фардест, ки мақола дар борааш нақл мекунад, яъне ягон омори мушаххас ва расмӣ, ё як мунаққиду коршиносе нест ва барои Википедия ин гуна суханҳо эътибор надорад! Пайванди [5] ҳам ҳеч иртибот ба навиштаи мақола надорад! Ва... Бори дигар ёдрас мекунам, ки Википедия маълумоти дасти аввал нест! Лутфан нахуст хуб раҳнамудҳои Википедияро биомӯзед, ба меъёри саршиносии афрод инос шавед, то бидонед ки дар бори кӣ ва ё чӣ бар пояи кадом сарчашма мақола менаисед! Википедия як вебгоҳи шарҳиҳолӣ ва таблиғотӣ ҳам нест! Ҳанӯз ҳам мушкилоти мақола баҷост, дар сурати бартараф нашудани камбудиҳо, мақола ҳазф хоҳад шуд. --Дӯстмурод Саид (баҳс) 13:53, 15 марти 2021 (UTC)
Мақола дуруст карда шуд. Ҳадаф ягон навъ таблиғоти ягон кас нест балки аввалин мақолаҳои банда барои саҳмгузорӣ дар Википедияи тоҷикӣ буд. Мақола бо усули саҳифаҳои дигар шахсиятҳои диниу сиёсӣ навишта шуда буд, ки онҳо қабул шудаанд вале ин мақола мавриди санҷиши хос қарор дода шуд ки ин ҳам хуб аст барои биас роҳ надодан ва барои бетарафиро нигоҳ доштан. Хуб гуфтаҳоятон дуруст карда шуд, ва ташаккур барои ҷудо кардани вақт ва ишора намудани хатогиҳои роҳдода шуда. Вале агар хоҳиши чоп нашудани ин мақоларо дошта бошед метавонед ҳазф кунед. Барори кор!
- Дар олами сиёсат ва ислом ҳазорҳо афроди саршинос ҳастанд, ки ҳанӯз дар бораашон дар Википедияи Тоҷикӣ мақола нест, метавонед дар бораи эшон бинависед. Якбора сар кардани як корбари навкор дар бораи як чеҳраи на он қадар саршинос ҳатман, ки боиси шубҳа ва ихтилофи назар мешавад. Сипос аз ин ки эродҳоропазируфтед, ҳарчанд, ки мақола ҳанӯз ҳам нокомил аст. Ман барои наиштани дигар чеҳраҳои саршиноси дину сиёсат ҳарчӣ қадар кумак бошад бароятон мекунам, то дар беҳтарин сурат барои эшон мақолҳо сохта бошед. Бо умеди ҳамкориҳои баъдӣ дар мақолоти дигар ва такмили мақолаи феълӣ бар пояи дидгоҳи бетараф ва раҳнамудҳои Википедия, бо сипос --Дӯстмурод Саид (баҳс) 14:32, 15 марти 2021 (UTC)
Хушҳолам ки ҳамдигарро фаҳмидем. Ба ростӣ, ҳадаф пур кардани холигиҳо дар Википедия ва гузоштани маълумот дар бораи ашхоси динӣ ва илмӣ буд. Хеле нозукиҳои асосиро ёд гирифтам, ташаккур. Танҳо дар нозукиҳои мавқеи бетарафӣ як каме дигар кӯшиш бояд кунам.
Хуб ин мақоларо чи гуна метавонем боз ҳам бетарафтар созем ва ё теги бетарафӣ ро гирем? Ба назари ман бигзор маълумоти кам ҳам бошад, муҳим маълумоти дуруст дар Википедия бошад. Зеро садҳо ҳазор ин нафарро дар ютюб мебинанд, баъзан корҳои илмӣ ва тарҷумонии ин нафар нодида гирифта мешаванд ва мавриди таҳоҷуми бидуни далоил ба хотири фаъолиятҳои сиёсиаш қарор мегирад.
- Барои бештар омӯхтани дидгоҳи бетараф ба Википедияи Русӣ муроҷаъа кунед, ҳатман дар кори ояндаатон кумак хоҳад кард. Албатта, википедия побанди ҳеч фараҳгу дин ё кишвару ҳукумат ва сиёсати давлатие нест ва фақат бар пояи қавоиди таъидшудаи худаш амал мекунад. Агар як нафар терорист аст, пас аз нуқтаи назари бетарафӣ бояд барояш мақола навишт ва ҳамчунин агар як нафар шояд паёмбар ва шахсе хеле бузург аст, аммо бояд назари мунаққидинаш ҳам оварда шавад. Дар мавриди ин мақола меавонед ҳоло ҳам хубтар ба сарчашмаҳои ҳам электронӣ ва ҳам чопӣ муроҷиат кунед, шояд онҷо дидгоҳи ҳарду тараф ки қаблан навишта шудаандро дарёбед, шояд мухолифинаш замоне аз ӯ нақд ва ё таъриф карда будандро дарёбед ва он гаҳ метавонед мақоларо бар поя он додаҳо ва доҳои навин ки хеле дар интернет зиёданд бетарафона такмил кунед. Ва ҳозир аз шумо даъват мекунам, ки биёед барои бештар шудани дониши викинависиатон як фарди саршиноси дигар, ки буданаш дар Википедияи Тоҷикӣ муҳим аст, мақола сохтанро оғоз бикунед. Умедворам, ин охирин кори шумо дар Википедия нест. --Дӯстмурод Саид (баҳс) 15:12, 15 марти 2021 (UTC)
Ҳатман. Саломат бошед.