Бебето

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Бебето
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 16 феврал 1964(1964-02-16)[1] (60 сол)
Шаҳрвандӣ
Қад 1.78 м (5 ft 10 in) см
Мавқеъ ҳамлагар
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад

Бебе́то (португалӣ: Bebeto; номи пурра — Жозе́ Робе́рту Га́ма де Оливе́йра (португалӣ: José Roberto Gama de Oliveira; 16 феврали 1964, Салвадор, Бразилия) — футболбози бразилӣ, ҳамлагар, муррабӣ.[2]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бебето дар дастаҳои «Витория», «Фламенго», «Васко да Гама», "Ботафого "-и Бразилия, «Депортиво Ла-Коруния» ва "Севилия "-и Испания, «Торос Неса»-и Мексика, «Касима Антлерс»-и Ҷопон ва «ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ бозӣ кардааст. Ҳамчун узви дастаи Бразилия дар се мусобиқаи ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон (1990 1994, 1998) ширкат намудааст. Чемпиони ҷаҳон (1994), ноиб-чемпиони ҷаҳон (1998), чемпиони ҷаҳон миёни наврасони то 20-сола (1983), чемпиони Бозиҳои Панамрикоӣ (1987), ноиб-чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1988), барандаи Ҷоми Амрико (1989), ғолиби Ҷоми конфедератсияи ФИФА (1997), чемпиони Бразилия (1987, 1989), барандаи Ҷоми Испания (1995) ва Суперҷоми Испания (1995) ва ғ. Рӯзноманигорон Бебеторо «тилои сафед» тахаллус доданд. Соли 1989 ҳамчун беҳтарин бозигари Амрикои Лотинӣ баргузида шуд. Соли 2010 узви Конгресси иёлати Рио-де-Жанейро интихоб гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]