Бег Қурбонзода
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 7 июн 1961 (63 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар |
Қурбонзода Бег Хол (Қурбонов Бег Холович; 7 июни 1961, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бег Қурбонзода 7 июни соли 1961 дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намудааст[1].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1983 —1987 — Котиби Комитети Комсомоли заводи зотпарварии ноҳияи Данғара. Агроном-энтомологи заводи зотпарварии «Данғара»
- 1988 —1988 — Инструктори Шуъбаи ташкилии Комитети комсомоли вилояти Хатлон.
- 1988—1993 — Котиби якуми Комитети комсомол, Раиси иттифоқи ҷавонони ноҳияи Данғара
- 1993—1994 — Раиси иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон
- 1994—1995 — Мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Хатлон
- 1995—1998 — Муовини Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 1998—2001 — Муовини аввали Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2001—2001 — Муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 2001—2004 — Роҳбари департаменти рушди соҳаи иҷтимоию гуманитарии «ККҲИ Евро-Азия»
- 2004—2010 — Раиси ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
- 2010—2015 — Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Аз 28 апрели соли 2015 то ҳол Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.