Бедандонакҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бедандонакҳо
Anodonta anatina1.jpg
Anodonta anatina
Таснифоти илмӣ
Номи илмии байналмилалӣ

Anodonta Lamarck, 1799

Бедандонакҳо (лот. Anodonta) — як ҷинси нармбаданҳои дупаллаи оби ширин.

Садафи бедандонакҳо (дарозиаш то 25 см) дутабақа буда, дар тарафи тахтапушт бо пардаи чандир бо ҳам васл шудааст. Тақр. 50 навъ дошта, ҳама ҷо дучор меоянд. Бедандонакҳо дар обҳои ором зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон бактерия, обсабз ва боқимондаи моддаҳои органикии пӯсида аст. Кирминаи бедандонакҳо (глохидияҳо) дар пӯсти моҳиҳо зиндагӣ кунад ҳам, ба хоҷагиҳои моҳидорӣ зарари калон намеорад. Аз садафи бедандонакҳо тугма месозанд, гӯшти онҳоро истеъмол мекунанд.

Навъҳо[вироиш]

Дар ҳоли ҳозир бедандонакҳо (лот. Anodonta) ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд[1]:

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]