Jump to content

Бедоди Истаравшанӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедоди Истаравшанӣ
Маҳалли даргузашт: номаълум
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Бедоди Истаравшанӣ (форсӣ: بیداد استروشنی‎; қарни XIX) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Истаравшан ба таҳсили ибтидоӣ шурӯъ кард ва хатту савод баровард. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Дар назди шоирон ва донишмандони маъруф Саййидолимхоҷаи Ҳотифӣ, Лисонии Хуҷандӣ ва дигарон илм омӯхтааст. Аз Комилхоҷаи Накҳат доир ба шеъру шоирӣ ва улуми адабӣ сабақ мегирифт. Тазкиранигор Ҳашмат дар «Тазкират-уш-шуаро» (тазкираи дуюмаш) аз Бедоди Истаравшанӣ чун шоири баркамол ва беҳтарини замон ёд мекунад. Тибқи иттилои ин манбаъ вай дафтари ашъор доштааст.