Бедона (навъи мавиз)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бедона — як навъи мавиз, ки аз навъҳои ангури бедона, кишмиши сафед, кишмиши сиёҳ, кишмиши сурх ва кишмиши зарафшонӣ тайёр мекунанд.

Ангурро чида, аз донаҳои пӯсида ва осебёфта тоза мекунанд, баъд шуста дар маҳлули ҷӯшони ишқор тар менамоянд ё бо гази сулфур дам медиҳанд. Сипас хӯшаҳои онро ба рӯйи тахта чида, дар офтоб мехушконанд. Ранги мавизи Бедона тирагун бошад ҳам, таъм ва бӯйи гуворо дорад.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]