Jump to content

Бекмуҳаммади Асомуддин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бекмуҳаммади Асомуддин
Бекмуҳаммад Асомуддинов
Таърихи таваллуд: 5 апрел 1950(1950-04-05) (74 сол)
Зодгоҳ: Душанбе

Бекмуҳаммади Асомуддин (Бекмуҳаммад Асомуддинов; 5 апрели 1950, Душанбе) — ҳунарпешаи театр, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1973 Дониш­кадаи давлатии ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро ба итмом расонда, дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов то соли 1991 ба сифтаи актёр фаъолият намуд. Ҳанӯз даврони донишҷӯӣ дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ таҷриба меомӯхт, дар сафарҳои ҳунарии он ба навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он бо ҳунари соҳирӣ тамоишогаронро мафтун месохт. Чобукдастию фиреби назар ва таъсир расондан ба бинанда ҳунар аст ва ҷомеа ба он ҳамеша ниёз дорад. Номрафта маҳораташро назди устодон дар Маскав, Санкт-Петербург, Тошканд ташкил карда, амалҳоро танҳо ба хотири намоиш пешниҳод месозад, ҳамаи талаботу одоби сеҳру ҷодуро комилан риоя менамояд.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.