Белинни
Зоҳир
Якопо Беллини (Bellini) — оилаи рассомони итолиёии Эҳёи пешин, ки ба мактаби рассомии Венетсия асос гузоштаанд. Якопо Беллини (тақрибан 1400–1470/71), рассом ва наққош, шогирди Ҷентиле да Фабриано. Аввал бо услуби готикаи «интернатсионалӣ» расм мекашид. Аз солҳои 40 садаи XIV дар эҷодиёти ӯ зери таъсири санъати флоренсиягӣ аломатҳои ҳунари давраи Эҳё бартарӣ дошт. Муаллифи тасвирҳои начандон бузурги ибодатхонаҳо, инчунин тақрибан 300 расм (ду албом, солҳои 1440–50, Лувр, Осорхонаи Британия) – мисоли беҳамтои китоби намунаҳо, ки рассомони асримиёнагӣ ҳангоми кор бо тасвирҳо истифода мебурданд.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷентиле Беллини – писари Якопо
- Ҷованни Беллини – писари дигари Якопо
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.