Виссарион Белинский
русӣ: Виссарион Белинский | |
Таърихи таваллуд: | 30 май (11 июн) 1811[1][2][3][…] ё 11 июн 1811[4] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 26 май (7 июн) 1848[1][3][5][…] (36 сол) ё 7 июн 1848[4] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | файласуф, нависанда, мунтақиди адабӣ, рӯзноманигор, literary theorist, публисист |
Солҳои эҷод: | аз 1830 |
Забони осор: | русӣ[7][8][9][…] |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Белинский Виссарион Григоревич (30 май [11 июн] 1811[1][2][3][…] ё 11 июн 1811[4], Свеаборг[d], Дукнишини бузурги Финландия[d][6][1][2][…] — 26 май [7 июн] 1848[1][3][5][…] ё 7 июн 1848[4], Санкт-Петербург[6][3]) — мунаққиди адабӣ, мутафаккир ва рӯзноманигори рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1829-32 дар факултети филологияи Донишгоҳи Маскав таҳсил кардааст. Барои афкори зиддиҳукуматӣ ва драмаи зиддикрепостноии «Дмитрий Калинин» аз донишгоҳ хориҷ карда шуд. Назариёту афкори иҷтимоӣ-сиёсӣ ва адабии Белинский пас аз шиносоӣ бо ходимони ҷамъиятӣ, шоирону файласуфҳои рус Н. В. Станкевич (1813-40) ва Н. И. Надеждин (1804—1856) ташаккул ва ривоҷу равнақ ёфт. Ӯ фалсафаи олмонӣ ва осори намояндагони он Ҳегел, Фейербахро омӯхт, аз назариёти онҳо баҳравар гардид. Белинский инчунин бо ақидаҳову ғояҳои сотсиалистони хаёлии фаронсавӣ ошноӣ пайдо карда буд. Белинский қонуниятҳои объективии рушди адабиёту санъатро дар мувофиқати он бо ҳақиқати ҳаёт медид. Ба таъкиди ӯ, зиндагӣ бояд бо тамоми муваффақияту костагиҳояш дар адабиёт инъикос ёбад. Белинский бо бисёр маҷмуаҳо чун мунаққид, рӯзноманигор ва ходими адабӣ ҳамкорӣ мекард. Нахустин мақолаи Белинский «Орзуҳои адабӣ» дар маҷаллаи «Телескоп» солт 1834 ба табъ расид. Пас аз нашри ин мақола ва баъзе мақолаҳои дигар Белинский чун «Виссариони густох», танқидгари «бузургон» машҳур гардид. Вай ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш чун классики танқиди адабӣ ва поягузори ҷараёни инқилобӣ-демократии рус эътироф шуда буд.
Белинский адабиётро шуури халқ дониста, таъкид менамояд, ки бояд дар он чун дар оина рӯҳия, орзую омоли мардум ва ҳаёт инъикос ёбад. Аз ҳамин нуқтаи назар Белинский чун нахустмунаққиди рус эҷодиёти шоирону нависандагони гузаштаву муосири русро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, эҷодиёти онҳоро якҷоя бо ҷараёни умумиҷаҳонии адабӣ, эҷодиёти Ҳомер, Аристофан, Сервантес, Шекспир, Байрон, Гётеву Шиллер, Диккенсу Валтер Скотт ва дигаронро таҳқиқ кардааст. Белинский чун мунаққиди адабиёти халқҳои Аврупо аз ғояҳои демократӣ дар осори П. Беранже, Ж. Санд, Ҳ. Ҳейне, Т. Ҳофман ва дигар ёдовар шуда, нисбат ба ин падида назари хайрхоҳона доштанашро иброз намудааст. Афкори адабиву зебоишиносии Белинский дар мақолаҳои «Ғояи санъат» (1841), «Тақсими назм ба ҷинсу намуд» (1841), «Сухан аз хусуси танқид» (1842), «Александр Пушкин» (11 мақола 1843—1846), «Назаре ба адабиёти руси соли 1846» (1847), «Назаре ба адабиёти руси соли 1847» (1848) ва ғайра ифода ёфтаанд. «Мактуб ба Гогол» (1847) асари маъруфи Белинский, як навъ ҷамъбасти афкори адабию зебоишиносӣ ва инсонию иҷтимоии ӯст. Инчунин дар «Ҷавобномаи В. Белинский [ба Гогол]» (1847) назариёти иҷтимоӣ-сиёсии Белинский ифода ёфтаанд. Дар фаъолияти эҷодии Белинский давраи «муросо ба воқеият» низ ба назар мерасад, ки он солҳои 1838—1840 вуҷуд доштааст. Дар ин давра ӯ мақолаҳои «Ҳамлет. Драмаи Шекспир. Мочалов дар нақши Гамлет» (1838), «Менсел, мунаққиди Ҳёте», «Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов" (1840)-ро навиштааст. Дар асарҳои Белинский оид ба ҷинсу намуд ва жанрҳои адабӣ, ҳудуду тафриқаи повесту роман, назми лирикию эпикӣ, достон ва романҳои манзум, драма ва танқид муайян карда шудаанд. Умуман, ақоиду андешаҳои Белинский, ки чун асосгузори танқиди адабии рус эътироф гардидааст, дар ташаккули минбаъдаи танқиди адабӣ, назарияи адабиёти рус ва ба воситаи он ба адабиётшиносии кишварҳои собиқ шӯравӣ таъсир расонидааст; имрӯз ҳам арзиши онҳо коста нашудааст.
Белинский доир ба адабиёти Шарқ, аз ҷумла адабиёти форсӣ, ҳангоми таҳлилу баррасии арзиши бадеии «Марсияҳои Рим»-и И. В. Гёте аз назокату латофати назми форстоҷик сухан карда, моҳияти таърихию иҷтимоӣ ва бадеию эстетикии онро таъкид намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Назаре ба адабиёти руси соли 1847. Мактуб ба Гогол. Сталинобод, 1949;
- Чанд мақола. Сталинобод, 1961;
- Собрание сочинений в 9-ти тт. Москва, 1976-82.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 Белинский, Виссарион Григорьевич (рус.) // Русский биографический словарь — СПб.: 1908. — Т. 3. — С. 591—648.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Морозов П. О. Белинский, Виссарион Григорьевич (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский, К. К. Арсеньев, Ф. Ф. Петрушевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1891. — Т. V. — С. 191—194.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 Лаврецкий А., Гусев В. Белинский В. Г. // Краткая литературная энциклопедия (рус.) — М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Педагоги и психологи мира (рус.) — 2012.
- ↑ 5.0 5.1 ПроДетЛит (рус.) — 2019.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Белинский Виссарион Григорьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Чешская национальная авторитетная база данных
- ↑ CONOR.Sl
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Белинский Виссарион Григоревич / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Нечаева В. С. В. Г. Белинский. Жизнь и творчество (1841-48). Москва, 1967;
- Егоров Б. Ф. Литературно-критическая деятельность В. Г. Белинского. Москва, 1982.