Ҳомер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳомер
Ὅμηρος Hómēros
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Ҳомер
Таърихи таваллуд тақрибан асри IX то м.[1]
Зодгоҳ
  • номаълум
Таърихи даргузашт тақрибан асри VIII то м.
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша шоир, муаллиф, нависанда
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳомер (юнонӣ: Ὅμηρος Hómēros) (русӣ: Гомер) — машҳуртарин шоири Юнони Қадим мебошад (давраи зинддагиаш тахминан садаи VIII то милод). Ӯ чунин достонҳои машҳури қадима "Илиада" ва "Одиссея"-ро, ки намунаи қадимтарини адабиёти аврупоӣ дониста мешавад, эҷод кардааст. Дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ на он қадар маълумоти зиёд ҳаст. Ҳатто то охир аниқ нест, ки оё Ҳомер дар ҳақиқат вуҷуд дошт ё не? Баъзе коршиносони Юнони бостон тахмин мекунанд, ки дар асл ин асарҳоро як гурӯҳ одамон эҷод кардаанд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳомер (аз калимаи юнонии Homeros-гаравгон) тахаллусу номи аслии шоир Мелесиген бошад. Маълумоти тарҷимаиҳолӣ, ки дар хусуси Ҳомер муаллифони антиқӣ овардаанд, ба ҳам мухолиф буда, ба ҳақиқат рост намеоянд.
  • «Ҳафт шаҳр ҳамчун зодгоҳи Ҳомер дар сабқат аст: Смирна, Хиос, Колофон, Пилос, Аргос, Итака, Афина», - омадааст дар як эпиграммаи юнонӣ.
  • Оид ба замони зисти Ҳомер низ олимони антиқӣ санаҳои гуногун (аз асри XII то милод (баъди муҳорибаи Троя) то асри VII то милод)-ро ном гирифтаанд.
  • Аз рӯи ақидаи тадқиқгарони замони мо Ҳомер дар асри VIII то милод зистааст.
  • Манзили эҳтимолии охирини ӯ ҷазираи Хиос аст.
  • Баъзеҳо дар чунин ақидаанд, ки Ҳомер нобино буд ва ҳатто савод надошт, вай сурудҳои худро навишта наметавонист.[2]

Достонҳои Ҳомер[вироиш | вироиши манбаъ]

Чи тавре ки аксари тадқиқгарони осори Ҳомер мепиндоранд, достонҳои шоир дар Осиёи Сағир, дар Ионии асри VIII то милод дар асоси ривоёти мифологӣ оид ба муҳорибаи Троя эҷод гаштаанд. Дар замонҳои қадим ба Ҳомер достонҳои ҳаҷвии «Маргит» ва «Ҷанги мушу қурбоққаҳо», маҷмӯи асарҳо оид ба муҳорибаи Троя ва ба Юнон бозгаштани қаҳрамонон, аз қабили «Киприй», «Эфиопида», «Илиадаи хурд», «Забти Илиона», «Бозгашт»-ро нисбат медоданд. Зери унвони «Сурудҳои Ҳомер» маҷмӯае вуҷуд дошт, ки 33 сурудро дар васфи худоҳо дар бар мегирифт. Қиссаҳои асотирӣ, ки дар онҳо корномаҳои қаҳрамонони афсонавӣ Ахиллес, Одиссей, Ҳектор васф мешуданд, ба сифати мундариҷаи достонҳои Ҳомер хидмат кардаанд. Баъдтар номгӯи достонҳо то «Илиада» ва «Одиссей» ихтисор гардид, баъзе олимон «Маргит»-ро ба ин рӯйхат зам менамоянд.

«Илиада»[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар достони «Илиада» чи хел бо сарварии шоҳ Агамемнон муҳосира гаштани шаҳри Троя васф шудааст. Сабаби cap задани ҷанг аз ҷониби Парис, писари шоҳи Троя, дуздидани Еленаи соҳибҷамол, завҷаи Менелай, будааст. «Илиада» як воқеаи муҳорибаи Троя, ҷанги байни пешвои ахейҳои шоҳи микенҳо Агамемнонро бо қаҳрамони юнонӣ Ахиллес, ҷанговари ҷасур ва нерӯманд, ба чаҳорчӯбаи тасвир гирифтааст. Барои «Илиада» маҷмӯи ривоятҳо дар атрофи Троя, акси садои юриши бузурги юнониҳои микенӣ ба қалъаи Осиёи Сағир, сарчашмаи асосӣ мебошад. Вале баъзе лаҳзаҳо бо дигар воқеаҳои таърихй тавъам гашта, дар навбати худ ҳикоятҳои навро дар васфи қаҳрамонҳо ба миён овардаанд. Муҳосираи шаҳр нуҳ сол идома ёфт. Баходурони юнонӣ бисёр корномаҳо карданд ва ҳамаи онҳоро Ҳомер муфассал ба риштаи назм кашидааст. Ӯ дар эҷодаш аз сохти анъанавии шеъри юнонӣ-гекзаметр-шеъри ҳар мисрааш шашрукна истифода бурда, лаҳзаҳои муҳориба, сару либоси ҷанговарон, рафтору кирдор ва маҳалли ҳарбу зарбро воқеъбинона сурудааст. Ба шарофати достонҳои Ҳомер тарзи ҳаёти иҷтимоии сипоҳиёни юнонӣ имрӯз бароямон торик нест. Ҳатто аз сурудаҳои ӯ археологҳо вайронаҳои Трояро ёфтанд ва таърихдонҳо аниқ карданд, ки дар ҳақиқат ин шаҳр тахминан солҳои 1200 то милод аз тарафи юнониҳо забт шудааст. Пас аз фатҳи шаҳр ва озод намудани Еленаи париваш голибон роҳи бозгаштро пеш мегиранд.[3]

«Одиссей»[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷавҳари достони «Одиссей » саргузашти минбаъдаи онҳост. Қаҳрамони марказии достон Одиссей, шоҳи ҷазираи Итака, ҷанговари далер, сайёҳи муғамбири ҳилагар аст. Вай дар роҳи бозгашти даҳсола бо бисёр махлукҳои афсонавӣ, ҷодугарон, одамхӯрон cap ба cap гашта, ҳамеша ба шарофати ақл бар онҳо пирӯз мешавад. Шоир дунёи ботинӣ, ғаму андӯҳи қаҳрамони асосии достонро хеле мутаассир сурудааст. Баъди роҳи тӯлонӣ Одиссей ба Итака қадам мегузорад, завҷааш Пенелопаро аз таҳқиру тамасхури«домодшавандаҳо» наҷот мебахшад. Пенелопа аз бозгашти шавҳар шоду халқ аз зинда будани шоҳашон масрур мешаванд.

Ба ақидаи Аристотел асоси достонҳои «Илиада» ва «Одиссей»-ро ягонагии ҳаракати драмавӣ ташкил медиҳад. Инчунин муаллиф характери қаҳрамонашро иброз намедорад, балки симои қаҳрамон аз суханрониҳои худи ӯ аён мегардад.

Кашфиётҳои ҳайратангези Г.Шлиман дарсолҳои 1870-1880 собит сохтанд, ки Троя, Микен ва аркх,ои ахейӣ афсона набуда, ҳақиқатанд. Кошифонро он чиз ба шигифт овард, ки бисёр тасвирҳои Ҳомер бо бозёфтҳои онҳо чун ду ҳиссаи як себ ба ҳам монанданд. Масалан, «Қадаҳ бо сурати кабӯтар», ки аз харобаҳои Микен дарёфт шуд, шояд ҳамон қадаҳе аст, ки аз он пири хирад Нестор шарбат менӯшид.[4]

Донистаниҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳомер (тахминан соли 460 то милод)

Достонҳои шуҳратёру шигифтангези «Илиада» ва «Одиссей»-и Ҳомер дар болооби адабиёти юнон ва дар саргаҳи адабиёти аврупой ҳамчун пойдевори азим устувору поянда истодаанд. Ҳомер парчами тамаддуни эллинӣ ва дастоварди бузурги ҳамаи онҳое буд, ки бо забони юнонӣ ҳарф мезаданд ва менавиштанд. Ягон фолклори замони имрӯза баробари он чизе, ки Ҳомер эҷод намудааст, дода натавонист, ақаллан ба ӯ ҳамсанг наомад. «То Ҳомер, ҳарчанд шоирон хеле афзун буданд, мо ягон асари ҳаммонанди достонҳои ӯро ба забон оварда наметавонем»,- навиштааст Аристотел. Ҳомер на танҳо натиҷа, балки ибтидо, на танҳо ворис, балки навовар низ мебошад. Ягон нафар нависанда дар сабқати шуҳрату маъруфият бо Ҳомер баробар омада натавонист. Дар аҳди ҷадид низ ӯ дар байни шоирони Юнон бузургтарин ба ҳисоб меравад ва дар хазинаи ҷавоҳироти адабиёти дунё аз дурдонаҳои дурахшонтарин аст. Мисраъҳои сурудҳои ӯ барои ҳамзамонони шоир ба як оҳангу мазмун садо намедоданд, ҳар бори шунидан маъноҳои нав ба нави онҳо кашф мегаштанд. Барои фозилону алломаҳои дайру донишгоҳҳои давраи Эҳё низ чунин буд. Ҳомери ягонаву холис ва дар айни замон шоири беҳад қобилиятнок якбора ба хонанда хешро ошкор намесохт, балки назокатҳои эҷодиёти ӯ муттасил, қисм ба қисм айён мешуданд. Ҳол он ки осори бисёр эҷодгарон дар замони зиндагиашон аллакай барои хонандаву шунаванда ягон сирру асрори ниҳон надошт. Аммо достонҳои Ҳомер ҳамоно дорой сирру асроранд, аз ин рӯ, талабот нисбаташон ҳамеша дар фузудан аст. Фазилати Ҳомер, тамкини хайрхоҳонаи ӯ, хушахлоқии ӯ, заковати ӯ алломаҳои замони қадимро ба ҳайрат оварда буданд. Маорифпарварони нимаи дуюми асри XVIII-и Фаронса аз самимият, фурӯтанӣ ва инсондӯстии Ҳомер ба ваҷд омада, таъкид доштаанд, ки «Илиада» ва «Одиссей» ҳиссиёти инсонро комилан табий, бе ягон суханбозиҳои муболиғаомез тасвир намудаанд. Гогол, ки достонҳои Ҳомерро намунаи ягонаи барҷастаи ҳақиқатнигорӣ дар ҷаҳон эътироф мекард, ба аҳамияти бузурги тарбиявӣ доштани «Одиссей» муътақид буд. Мегуфт, ки дар ниҳоди шахс зиндадилӣ ва боварӣ ба ояндаи некро мепарварад. Лев Толстой дар қироат намудани осори Ҳомер сарчашмаи ҳақиқии ҳавасмандиро ба эҷод кардан дарёфта буд. Заковати ҳомерӣ аз эҷодиёти шифоҳии мардум рӯида, вале ба дараҷае аз он боло қад кашидааст, ки гоҳо ҷузъҳои ҷудогонаи фолклор ба қисмҳои ҷудоинопазири тарзи махсуси эҷоди ӯ табдил ёфтаанд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Петрушевский Д. М. Общество и государство ӯ Гомера. М., 1913.
  • Зелинский Ф. Ф. Гомеровская психология. Пг., Изд-во АН, 1920.
  • Альтман М. С. Пережитки родового строя в собственных именах ӯ Гомера. (Известия ГАИМК. Вып. 124). М.-Л.: ОГИЗ, 1936. 164 стр. 1000 экз.
  • Фрейденберг О. М. Миф и литература древности. М.: Вост. лит. 1978. 2-е изд., доп. М., 2000.
  • Толстой И. И. Аэды: Античные творцы и носители древнего эпоса. М.: Наука, 1958. 63 стр.
  • Лосев А. Ф. Гомер. Бойгонӣ шудааст 1 ноябри 2007  сол. М.: ГУПИ, 1960. 352 стр. 9 т.э.
    • 2-е изд. (Серия «Жизнь замечательных людей»). М.: Мол. гв., 1996=2006. 400 стр.
  • Ярхо В. Н. Вина и ответственность в гомеровском эпосе. Вестник древней истории, 1962, № 2, с. 4-26.
  • Сахарный Н. Л. Гомеровский эпос. М.: ХЛ, 1976. 397 стр. 10000 экз.
  • Гордезиани Р. В. Проблемы гомеровского эпоса. Бойгонӣ шудааст 13 ноябри 2007  сол. Тб.: Изд-во Тбил. донишгоҳа, 1978. 394 стр. 2000 экз.
  • Шталь И. В. Художественный мир гомеровского эпоса. М.: Наука, 1983. 296 стр. 6900 экз.
  • Челышев П. В., Котенева А. В. Очерки по истории мировой культуры: боги и герои античной мифологии. М.: МГГУ, 2013. 351 с. 100 экз. ISBN 978-5-91615-032-2
  • Челышев П. В. Античный космос и его обитатели. – Lambert Academic Pablishing, 2016. – 154 с. ISBN 978-3-659-96641-5

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Bibliothèque nationale de France Record #11907688f // BnF catalogue général (фр.)Paris: BnF.
  2. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 35
  3. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 37 – 38
  4. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 35 – 39