Jump to content

Беллетристика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Беллетристика (фаронсавӣ: belles letters — каломи бадеъ) — дар маънои васеъ, умуман осори адабиёти бадеӣ, дар маънои танг ва бештар мустаъмал осори насри бадеӣ (роман, повест, ҳикоя ва ғайра). Дар ин ҳолат осори манзум ва драматургия ба Беллетристика дохил карда намешаванд. Баъзан ба Беллетристика осори адабии аз ҷиҳати ғоя ва бадеият номустаъмал фаҳмида мешавад. Мунаққиди рус В. Г. Белинский зери мафҳуми Беллетристика осори бадеии саҳлангорона навишташударо мефаҳмид ва онро адабиёти ҷиддӣ намедонист. Мафҳуми беллетризатсия ба таври васеъ густариш ёфтааст, ки ба воситаи он кӯшиши аксар муаллифони осори илмӣ, илмӣбадеӣ бо мақсади ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ намудани асарашон маводди ҳуҷҷатиро бо унсурҳои бадеиёт махлут мекунанд, ифода карда мешавад.