Jump to content

Бемориҳои рӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бемории рӯҳӣ)

Бемориҳои рӯҳӣ — касалиҳое, ки бештар бо ихтилоли рӯҳ падид меоянд. Фаъолияти рӯҳии инсон, табиатан чи хеле ки набошад, дар натиҷаи ихтилоли кори мағзи сар хароб мегардад. Бо вуҷуди ин, ҳама гуна ихтилол боиси бемориҳои рӯҳӣ намешавад, масалан, ҳангоми баъзе бемориҳои асаб, сарфи назар аз он ки мағзи сар иллат (газак, зарбулат) дорад, рӯҳ халал намеёбад. Дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ воқеият дуруст дарк карда намешавад (фарқи онҳо аз амрози узвҳои дохилӣ дар ҳамин аст), чунончи, шароити муқаррарӣ ба назар муҳити бегона менамояд, бемор атрофиёнро бадхоҳ ё душман мепиндорад, ӯ дар баробари дуруст дарк кардани олами воқеӣ зери таассуроти таваҳҳуми биноӣ ва шунавоӣ дар тарсу ваҳм аст ё, баръакс, мариз аз ҳад зиёд шод мегардад, аз душманони хаёлӣ мегурезад, ба рақиби хаёлӣ ҳамла меоварад, кӯшиши худкушӣ мекунад ва ғайра.

Сабабҳои бемориҳои рӯҳӣ гуногунанд. Дар пайдоиши онҳо (олигофрения, психопатия, васвоси ҷунунию афсурдарӯҳӣ, саръ, шизофрения ва ғайра) омилҳои ирсӣ мақоми хосса доранд. Дар батн иллат ёфтани насл метавонад боиси таъхири инкишофи рӯҳии кӯдак, бемории саръ ва ғайра гардад. Бадмастии волидайн, бордоршавӣ дар ҳолати мастӣ (ҳатто мастии яке аз волидон) ё суистеъмоли машруботи спиртдор (айёми ҳомилагӣ) низ ба насл таъсири ногувор мерасонанд. Дар пайдоиши неврозҳо осебҳои рӯҳие, ки гоҳо тамоюли ирсиро ба хурӯҷи беморӣ табдил меди­ҳанд, мавқеи асосӣ доранд. Ба инкишофи бемориҳои рӯҳӣ ҷинс ва синну сол низ таъсири муайян мерасонад. Масалан, ихтилоли рӯҳӣ дар байни мардҳо нисбат ба занон бештар ба мушоҳида мерасад. Дар айни ҳол мардҳо бештар ба психози садамавӣ ва алкоголӣ, занҳо ба психози ҷунунию афсурдарӯҳӣ, кӯҳансолон ба психози инволютсиявӣ ва афсурдарӯҳӣ гирифтор мешаванд. Баъзе бемориҳои рӯҳӣ ба таври шадид (психози шадид аз заҳролудӣ, таъсири сироят ва садама) оғоз ёфта, зуд бартараф мегарданд, бемори­ҳои дигар ноаён падид меоянд ва дар мавриди онҳо ихтилоли рӯҳӣ беш аз пеш меафзояд (баъзе шаклҳои шизофрения, психозҳои пиронсолӣ). Намудҳои дигари бемориҳои рӯҳӣ дар давраи кӯдакӣ ошкор мегарданд ва дар тӯли ҳаёт устувор боқӣ мемонанд (олигофрения).

Ақидае ки гӯё бемориҳои рӯҳӣ ҳамеша оқибати нохуш ба бор меоваранд, асос надорад. Баъзеи бемориҳои рӯҳӣ боиси маъюбӣ намешаванд. Бемориҳои дигар андаке зиён мерасонанд, вале дар сурати сари вақт табобат кардан, пурра ё қисман рафъ мегарданд. Аз тасаввурот дар бораи боиси шармсорӣ гаштани бемориҳои рӯҳӣ эҳтиёт бояд шуд. Рух додани ҳодисаҳои нохуш ба беморони рӯҳӣ маҳз ба ҳамин ақидаи ғалат вобаста аст.

Нишонаҳои нисбатан маъмули бемориҳои рӯҳӣ таваҳҳум, ҳазён, ҳолати музоҳим, пурҳаяҷонӣ, ихтилоли шуур, берабтии ҳофиза ва заифақлӣ мебошанд. Таваҳҳум (галлютсинатсия) яке аз шаклҳои дарки нодурусти воқеият буда, бидуни ангезиш ба вуҷуд меояд. Таваҳҳум гуногун мешавад: биноӣ, шунавоӣ, шоммавӣ (бӯй), зоиқавӣ (маза) ва ломисавӣ. Дар аснои таваҳҳум беморон бидуни тасаввур чизҳои набударо равшан мебинанд, мешунаванд, мебӯянд. Ҳазён мулоҳиза (ақида)-и ғалатест, ки бе ягон сабаб ба вуҷуд меояд. Рафъи ҳазён, сарфи назар аз он ки хилофи ҳақиқат ва таҷрибаи пештараи бемор мебошад, имконнопазир аст. Ҳазён гуногун мешавад: ҳазёни худ­си­тоӣ (сарватмандӣ, аслу насаби хос, ихтироъкорӣ, ислоҳотгарӣ, ошиқӣ); ҳазёни таъқиб (заҳролдушавӣ, айбдоркунӣ, ғорат, рашк); ҳазёни худтаҳқиркунӣ (пургуноҳӣ, беморӣ, нобуд шудани узвҳои дохилӣ). Ҳолати васвос (музоҳим) бо тасаввуроти нодуруст, шубҳа, ваҳм, рағбат, ҳаракат падид меояд. Бемор ноҷӯрии ин ҳамаро дарк мекунад ва мекӯшад, ки бо онҳо мубориза барад. Ихтилоли ҳуш халали даргузару кӯтоҳмуддат (соатҳо, рӯзҳо)-и фаъолияти рӯҳӣ аст. Барои чунин беморон дунёбезорӣ, ихтилоли тафаккур, пурра ё қисман фаромӯш сохтани ҳодисаҳои давраи ихтилоли ҳуш хос мебошад. Заифақлӣ коҳиши бебозгашти тамоми фаъолияти рӯҳист. Он бо рафъ гаштани донишу малакаҳое, ки дар гузашта андӯхта шуда буданд, падид меояд.

Бемориҳои рӯҳиро дар беморхонаи амрози рӯҳӣ муолиҷа мекунанд. Сабаб, ҷараён, пешгирӣ ва табобати бемориҳои рӯҳӣ дар кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи М. Ғ. Ғуломови ДДТТ омӯхта мешавад. Рӯҳшиносони ҷумҳурӣ дар таҳқиқи ҷиҳатҳои гуногуни шизофрения, психозҳои алкоголӣ, психозҳои сироятӣ (зукомӣ ва сифилисӣ) саҳ­ми арзанда гузоштаанд.

  • Гиляровский В. А. Психиатрия. М., 1954;
  • Гулямов М. Г. Вопросы клинической психиатрии. Душанбе, 1963;
  • Гулямов М. Г. Психиатрия. Душанбе, 1993;
  • Гулямов М. Г. Равонпизишкӣ. Душанбе, 1996.