Бемориҳои асаб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бемориҳóи асáб — маҷмӯи бемориҳое, ки дар силсилаи асаб ба мушоҳида мерасанд. Аломатҳои зоҳирии бемориҳои асаб ихтилоли ҳаракат (фалаҷ, шал шудани дасту по, рагкашӣ, лақва) ва фаъолияти асабҳо, аз кор мондани яке аз узвҳои ҳиссиёт, ихтилоли интегратсия ва ғайра мебошанд. Бемориҳои асаб ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: бемориҳои узвӣ ва бемориҳои вазифавӣ (функсиявӣ).

Бемориҳои узвии асаб дар натиҷаи таъсири зиёновари бактерияву вирусҳо, моддаҳои заҳрнок, обу ҳаво, киҷҷаҳо ва кирми меъда, лат хӯрдани асабҳо ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Бемориҳои вазифавии асаб асосан дар натиҷаи таъсири манфии зиндагиву рӯзгор пайдо мешаванд. Қисми зиёди чунин бемориҳо мансуби неврозҳо — неврастения (хастагии асаб), психостения (хастагии рӯҳӣ) ва истерия (ғашён) мебошанд.

Бемориҳои асабро аз рӯйи сабаб ва зуҳурот ба гурӯҳҳои зерин тақсим мекунанд: бемориҳои илтиҳобӣ — газаки пардаи майна (сарсом), мағзи сар (энсефалитҳо), ҳароммағз (миелит), майнача (серебелит), решачаҳои асаб (радикулит), асабҳои канорӣ (неврит, полиневрит); бемориҳои омосӣ — омоси пардаҳои майна (менингиома), омоси рагҳои хуни майна (ангиома, гемангиома), омоси мағзи сар ва ҳароммағз (глиома, эпендимома), омоси асабҳои канорӣ (невринома); бемориҳои хунрезӣ — хуншории майнапарда, мағзи сар ва меъдачаҳои он, ҳароммағз, камхунии майна, аневризма; бемориҳои таназзуловар (миопатия, миотония ва ғайра). Гурӯҳҳои дигари бемориҳои асаб низ мавҷуданд, ки тағйироти рӯҳиро ба амал меоваранд (ниг. Бемориҳои рӯҳӣ). Бемориҳои асабро невропатология меомӯзад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Пуладов А. М. Пропедевтика нервных болезней. Душанбе, 1971;
  • Пуладов А. М. Нервные болезни. Душанбе, 1990;
  • Пуладов А. М. Асабшиносӣ. Душанбе, 1998;
  • Раҷабалиев Ш. Ф. Невральная амиотрофия Шарко-Мари-Тутс. Душанбе, 2003.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]