Jump to content

Бенефитсий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


БЕНЕФЍТСИЙ (лотинӣ: beneficiumнакӯкорӣ, эҳсон), 1) дар ҳуқуқи давраи атиқаи Рум имтиёз ва ихтиёроти император барои ба ягон корманди зердасти худ додани замин ё дигар манбаи даромад ҷиҳати истифодаи якумраро меноманд. Дар Шоҳии Франки асрҳои 8–9 бенефитсий, пеш аз ҳама, мулке ба ҳисоб мерафт, ки сенёр (феодали калон) ба вассал (саворанизом)-и худ медод, ки барои истифода дар муҳлати муайян ва ё барои истифодаи якумра буд, баъдтар ба он ҳуқуқи меросӣ дода шуд. Дар сурати иҷро накардани вазифаю супоришҳои низомӣ (маъмурӣ) соҳибмулк бенефитсийи додаашро кашида мегирифт. Бенефитсий, аслан, барои таъминоти моддии ҳаёти саворанизом, харидорию таъмини абзорҳои асп ва дигар воситаҳои ҷангии саворанизом пешбинӣ шуда буд. Ин корҳоро саворанизом (бенефитсийгиранда) аз тариқи дарёфти даромад аз фаъолияти кории афрод (сокинон)-и аз ҷиҳати иҷтисодию ҳуқуқӣ ба ӯ вобаста амалӣ мекард. Иттисоли бенефитсий бо вассал ба ташаккули табақаҳои феодалӣ мусоидат мекард. Ин истилоҳ дар садаи IX аз истифода хориҷ шуда, ба ҷояш истилоҳҳои феодаливу крепостнойӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
2). Дар кодекси ҳуқуқи шаръии қонунии калисои католикии Рум ҳуқуқи гирифтани даромад аз вазифаи калисо ва худи вазифаи калисоро меноманд, ки аз садаи II то соли 1983 идома дошт. Дар дувумин ҷаласаи калисои ҷомеи Ватикан (1962–1965) низоми бенефитсийро анахронизм (мансух) эълон намуданд, ки бояд ислоҳ ё бекор карда мешуд. Аз ин рӯ, дар кодекси амалкунандаи ҳуқуқи шаръии калисо аз соли 1984 бенефитсий вуҷуд надорад. Дар он таҳвили амвол ва даромад аз бенефитсий ба фонди махсуси эпархидӣ барои нигаҳдории рӯҳониён пешбинӣ шудааст. Дар баъзе давлатҳо, масалан, Австрия, дар асоси қарори конференсияи эпископӣ ва иҷозати Ватикан, низоми бенефитсий маҳфуз дошта мешавад.