Беноми муъминободӣ
Беноми муъминободӣ, беном — навъе аз ангурҳои миёнапазаки маҳаллӣ. Селексияи халқист.
Баргаш миёнаҳаҷми гирда, қифмонанд, панҷпарра (чоки байни парраҳояш рӯякӣ), дандонадори бепашмак (баъзан каме пашмакдор). Гулаш модина, баъзан дуҷинса. Хӯшааш миёнаҳаҷм (дарозиаш 18 см, бараш 12 см, вазнаш 200—240 г), махрутшакл. Ғужбаш лӯнда, сафеду сероб, таъми ангури Обаки сафедро дорад. Ғужмаш маҳин, тухмаш калон. Нимаи май гул карда, мевааш авв. июл пухта мерасад. Ҳангоми пурра пухтан, 16-22 % қанд, 3-3,5 г/л туршӣ дорад. Давраи нашваш 140—150 рӯз. Токаш зудсабз, соли дуюм ва сеюми шинондани кӯчаташ самар меорад. То ох. тирамоҳ 65-70 дарсади нартҳояш мерасанд. Аз ҳар га 95-120 сентнер ҳосил меғундоранд. Асосан тар мехӯранд ва мураббо мепазанд. Токаш ба хушкӣ тобовар буда, ба сармо ва касалиҳои занбӯруғӣ чандон тоб надорад. Дар заминҳои лалмӣ сабзида, ҳосили хуб медиҳад. Асосан дар ноҳияи Муъминободи вил. Хатлон ва қисман дар баъзе токзорҳои Ургуту Бухорои Ӯзбекистон парвариш меёбад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беноми муъминободӣ / Ҳ. Маҳмадқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда. Т. I. М., 1963;
- Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1984.