Андрей Бертелс
Андрей Евгеневич Бертелс | |
Таърихи таваллуд | 8 феврал 1926 |
Зодгоҳ | Ленинград |
Таърихи даргузашт | 23 феврал 1995 (69 сол) |
Маҳалли даргузашт | Маскав |
Фазои илмӣ | филология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти шарқшиносии Маскав (1949) |
Андрей Евгеневич Бертелс (8.2.1926, Ленинград — 23.2.1995, Маскав) — шарқшиноси рус, доктори илмҳои филология (1972), профессор (1974), писари Е. Э. Бертелс.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти шарқшиносии Маскав (1949). Солҳои 1952-61 дар вазифаи ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС фаъолият кардааст. Солҳои 1966-73 омӯзгори УДТ (ҳоз. ДМТ), ҳамзамон ходими илмии Институти шарқшиноси АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1975 намояндаи АИ ИҶШС дар ЮНЕСКО таъйин гардид. Солҳои 70 садаи 20 муддате дар Эрон такмили ихтисос кардааст. Солҳои 1959-60 дар ҳайати Экспедитсияи Помир дар ҷамъоварии дастнависҳои шарқӣ ҳамкорию роҳбарӣ карда, феҳристи алифбоии дастнависҳои дарёфтшударо (ҳамроҳи шарқшиноси тоҷик М. Бақоев) дар Маскав (соли 1967) ба чоп расонд. Баъдан панҷ рисолаи ҳангоми ин Экспедитсия бадастомадаро мавриди таҳлилу таҳқиқи муфассали илмӣ қарор дода, матни илмии интиқодияшонро бо муқаддимаву тавзеҳот дастраси алоқамандон гардонд (Маскав, 1970) ва дар ҳамин замина рисолаи докторӣ дифоъ намуд.
Б. фаъолияти илмию эҷодии худро аз омӯзиши ҷараёни рӯзгор ва ҷанбаҳои гуногуни осору афкори шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрави Қубодиёнӣ оғоз карда, соли 1952 дар мавзӯи «Носири Хусрав ва замони ӯ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст, ки қаринаи мукаммалу муфассали он дар қолаби рисолаҳои «Носири Хусрав ва исмоилизм» (ба забони русӣ, М., 1959) ва «Носири Хусрав ва исмоилиён» (ба хатти форсӣ, Т., 1346 ҳ. ш.) мунташир гардидаанд. Мақолаҳои илмию таҳқиқотии ӯ «Рисолаи Ваҳиди Табрезӣ оид ба шеършиносӣ» (ба забони русӣ, 1956), «Рӯдакӣ ва қарматиён» (ба забонҳои тоҷикию русӣ, 1958), "Отияи таҳқиқи матни «Шоҳнома» (ба забони русӣ, 1964), «Мулоҳизаҳо дар боби матншиносии Эрон» (ба забони англисӣ, 1967), «Тафсири манзуми Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ба як қасидаи фалсафии Носири Хусрав» (ба забонҳои форсию русӣ, 1991) ва ғ. аз беҳтарин намунаҳои осори Б. ба шумор рафта, ба паҳлуҳои норавшани адабиёти форс-тоҷик равшанӣ меандозанд. Рисолаи дигари илмию таҳқиқотии Б. «Образҳои бадеӣ дар санъати Эрони асрҳои 9-15» ном дошта, маҳсули заҳмату ҷустуҷӯи чандинсолаи ӯ мебошад. Асари мазкур, ки баъди вафоти муаллиф соли 1997 дар Маскав ба забони русӣ ба чоп расид, таҳқиқу баррасии доманадори илмии маъниҳои рамзии образҳои маъмулу мустаъмали ирфонӣ-тасаввуфии «даврони тилоӣ»-и адабиёти форс-тоҷикро дар бар гирифтааст. Б. дар риштаи матншиносии форсӣ низ нақше мондагор дорад. Аз ҷумлаи корҳои шоистаи матншиносии ӯ таҳияи матни илмӣ-интиқодӣ ва тарҷумаи русии рисолаи арзишманди шеършиносии Ваҳиди Табрезӣ «Ҷамъи мухтасар» мебошад, ки соли 1959 бо муқаддимаву тавзеҳоти илмӣ дар Маскав ба табъ расидааст. Ҳамчунин ӯ дар мавриди таҳияву танзими ҷ-ҳои 1, 2, 4, 9 матни илмӣ-интиқодии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (М., 1960, 1962, 1965, 1971), ки дар доираи матншиносии умумии «Шоҳнома» ба унвони «нусхаи Маскав» эътибор дорад ва нашри тарҷумаи русии «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ (М., 1968) фаъолона ширкат кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Насир-и Хосров и исмаилизм. М., 1959;
- Вахид Табрези. Джами мухтасар. Трактат о поэтике. М., 1959;
- Алфавитный каталог рукописей, обнаруженных в Горно-Бадахшанской Автономной Области экспедицией 1959–63 гг. М., 1967;
- Пять философских трактатов на тему «Афак и анфус» (О соотнешении между человеком и вселенной). М., 1970;
- Художественный образ в искусстве Ирана IX – XV вв. М., 1997.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бертелс, Андрей Евгеневич / А. Раҳмонфар // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Милибанд С. Д. Востоковеды России. М., 2008.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 феврал
- Зодагони соли 1926
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони Ленинград
- Даргузаштагони 23 феврал
- Даргузаштагони соли 1995
- Даргузаштагони Маскав
- Докторони улуми филология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Олимони Русия
- Олимони асри XX
- Шарқшиносони ИҶШС
- Шарқшиносони Русия