Бетарафӣ
Бетарафӣ — ҳаммаънои раванди нейтралитет (олмонӣ: Neutralität, аз лот. neuter гирифта шуда, маънои на ин ва на онро дорад) — тарз (принсип)-и фаъолияти хориҷии давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ.
Бетарафӣ мафҳумест, ки дар мавриди моҷароҳои сиёсии байналхалқӣ корбурд мешавад. Дар шароити инкишофи осоиштаи муносибатҳои байналхалқӣ маънои иштирок накардан дар блокҳо ва иттифоқҳои ҳарбиро ифода менамояд. Принсипи бетарафӣ мақоми махсуси ҳуқуқии давлат, сиёсати давлатҳо ва фаъолияти сарварони сиёсиро, ки аз номи халқ ва давлат амал менамоянд ва бо мақсади таъмини инкишофи мутаносиби муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо ва таъмини амнияти байналхалқӣ ба амал бароварда мешаванд, таҷассум менамояд. Принсипи бетарафӣ як навъи инъикоси вазифаҳои гуманистии сиёсати бузург ва низоми давлатдории муосир маҳсуб меёбад.
Навъҳои зерини бетарафӣ мавҷуданд:
- Бетарафии доимӣ, ки дар низоми байналхалқӣ расмият меёбад (Швейсария, Австрия).
- Бетарафии шартномавӣ, ки тавассути паймон ё шартнома дар байни ду ва зиёда давлатҳо ба амал меояд.
- Бетарафии анъанавӣ, ки байни давлатҳо, одатан, байни давлатҳои ҳамҷавор ба таври анъанавӣ ҳукмфармо аст. Ҳолати мазкур на танҳо давраи моҷарогароӣ, балки замони инкишофи мутаносиби давлатҳо ва омилҳои дигари сиёсати ҷаҳониро фаро мегирад.
- Бетарафии мусбат ҳамчун инъикосгари мақоми асосӣ ва сиёсати фаъоли давлатҳое мебошад, ки ҳамроҳнашавӣ ба блокҳо ва иттифоқҳои сиёсию ҳарбиро ихтиёр намудаанд.
Мавқеи бетарафиро ишғол намудан омилҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва истифодаи ҳуқуқи худмудофиаро истисно намекунад. Мувофиқи Ойинномаи СММ давлатҳои бетараф дар сурати таҳдид ба амнияти онҳо ҳуқуқи ҳимояи танҳоӣ ва ё дастаҷамъиро пайдо менамоянд.
Принсипи бетарафӣ ва навъҳои асосии он бетағйир намемонанд. Гузариши олами сиёсӣ аз ҳолати «биополярӣ» ба ҳолати «монополярӣ» ва инкишофи гуногунмарказию бисёрмарказӣ, тағйироти кулли инкишофи геополитикии олам, авҷи равандҳои модернизатсионӣ, демократикунонӣ, интегратсионӣ ва умуман, инкишофи умумисайёравӣ на танҳо хусусиятҳо, балки моҳияти принсипи мазкурро тағйир медиҳанд. Таъсири авҷи сепаратизм, миллатгароии канора, экстремизм ва ҷараёнҳои дигари иртиҷоӣ ба принсипи бетарафӣ беш аз пеш эҳсос мегарданд. Чунин ҳолат риояи бечунучарои бетарафиро истисно мекунад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бетарафӣ / Г. Зокиров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.