Jump to content

Бехабари Билгромӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бехабари Балгиромӣ Мир Азаматуллоҳи Ҳусайнӣ
Таърихи даргузашт: 1730(1730)
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Бехабари Балгиромӣ Мир Азаматуллоҳи Ҳусайнӣ (? — 1730, Деҳлӣ) — шоир ва тазкиранигори форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз нисбааш бармеояд, ки дар ш. Балгиром ба дунё омада, дар ҳамон ҷо ба камол расидааст. Таҳсилро дар назди падараш, ки донишманд буд ва бо тахаллуси «Аҳмадӣ» шеър низ мегуфт, оғоз карда, баъдан омӯзишро дар назди уламои дигар идома дод. Пас аз хатми таҳсил ба Деҳлӣ омад ва бо ашхоси маъруф Мирғуломалии Озоди Балгиромӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва диг. робитаи дустӣ ва эҷодӣ барқарор намуд. Дар доираҳои адабии давр чун шахси муътабар машҳур буд. Аз Бехабари Балгиромӣ девони ашъор шомили 15 ҳазор байт, тазкирае ба номи «Сафинаи Бехабар», маснавии «Гироминома», рисолаҳои «Мо қилла ва далла» (дар моҳияти идрок ва ақл, дурустӣ ва нодурустии онҳо), «Ғубори хотир» (дар одоби сиёсӣ ва ахлоқ) боқӣ мондаанд. Ба ғайр аз улуми адабӣ ва шеър аз мусиқӣ низ огоҳ будааст. Абёти зерин намунаи шеъри ӯянд:

Аз сари мижгони хунрезам нигоҳ ояд бурун,
Чун савори яккатозе, к-аз сипоҳ ояд бурун.
Мо, ғарибонро, ба зери хок ҳам нагзоштанд,
Субҳи маҳшар мекунад фарёд, к-аз манзил баро.
Суҳбати ёрони мавзун сарву гул аз ёд бурд,
Ғайрати гулзор бошад маҷлиси рангини мо.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]