Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бешаҳрвандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бешаҳрвандӣ — ҳолати ҳуқуқиеро номанд, ки мувофиқи он шахс табаъияти ягон давлатро надорад.

Бешаҳрвандӣ мутлақ (аз рӯзи таваллуд) ва ё нисбӣ (аз даст додани шаҳрвандӣ) шуда метавонад. Ин гуна шахсро дар ҳуқуқи конститутсионӣApátrida ё худ шахси бидуни шаҳрвандӣ меноманд.

Бешаҳрвандии нисбӣ — одатан, ҳангоми баромадан аз шаҳрвандӣ, аз даст додани ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва маҳрум гардидан аз он ба вуҷуд меояд.

Бо қатъ шудани шаҳрвандии шахс дар давлат ва шаҳрвандии давлати дигарро қабул накардани ӯ бешаҳрвандӣ маҳсуб мешавад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандӣ мафҳуми бешаҳрвандӣ низ дода шудааст. Мувофиқи ин муқаррарот шахсеро бешаҳрванд мегӯянд, ки ӯ дар қаламрави Тоҷикистон иқомат (-и доимӣ ё муваққатӣ) дорад, аммо онро бо далел собит карда наметавонад, чунин шахс, одатан, шиноснома (паспорт) надорад. Давлат шахси бешаҳрвандро баробари шаҳрвандони худ ҳимоя мекунад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]