Беҳрӯзи Табарӣ
Намуди зоҳирӣ
Беҳрӯзи Табарӣ | |
|---|---|
| форсӣ: بهروز طبری | |
| Навъи фаъолият: | шоир |
| Забони осор: | форсӣ |
Беҳрӯзи Табарӣ (форсӣ: بهروز طبری; нимаи аввали асри XI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Табаристони Эрон ба дунё омадааст, аз ин рӯ ба нисбаи Табарӣ машҳур аст. Ба қавли тазкиранигор Муҳаммад Авфӣ («Лубоб-ул-албоб») аз шоирони дарбори Ғазнавиён буд. Аз намунаҳои осораш бармеояд, ки ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, танқиду шикоят ва панду ахлоқ таваҷҷуҳ доштааст. Абёти зерин аз ӯянд:
- Як сухан гӯямат зи рӯйи яқин,
- Бишнав, ар бишнавӣ, сазад, ки сазост.
- З-он ба гетӣ суханшинос намонд,
- Ки ато додан аз миён бархост.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беҳрӯзи Табарӣ / А. Абдуллоев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.