Беҳрӯз Зеваров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Беҳрӯз Зеваров
Иттилооти асосӣ
Номи пурра Зеваров Бехруз Хушачинович
Таърихи таваллуд 20 май 1989(1989-05-20) (34 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Солҳои фаъолият 2008 — то ҳол
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) продюсер, овозхон, соҳибкор
Ношир(он) Tamoshow[d]
zevarov.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Беҳрӯз Зеваров (Зеваров Бехруз Хушачинович; тав. 20 майи 1989, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — продюсер, овозхон, соҳибкор ва муҳаққиқи шоу-бизнеси тоҷик. Бунёнгузори лейбли мусиқии «Tamoshow».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Зеваров 20 майи соли 1989 дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст[1]. Дар хонаводаш, Беҳрӯз ҳамеша аз назари истиқлол ва шуғл фарқ дошт. Ӯ ба унвони хонандаи аълохон якбора аз синфи сеюм ба синфи панҷум «парид»[2] ва литсейи президентиро дар 9 сол хатм карда, дар 15 солагӣ донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шуд, ки онро бо дарёфти тахассуси «муҳандис-барномасоз» бо муваффақият ба поён расонд[1]. Ӯ аз даврони бачагӣ барои рӯзномаҳо кроссворд месохт ва ҳаққи қалам мегирифт.

Беҳрӯз Зеваров дар 14-солагӣ сардабири ҳафтаномаи тафреҳии «Дилкушо» буд. Дар 18-солагӣ, ки донишҷӯи соли чоруми донишгоҳ буд, раҳбарии ширкати байнулмилалии «Евразийская Медиа Компания»-ро ба зимма дошт, ки ба хадамоти таблиғоти базаргонӣ дар расонаҳои Тоҷикистон машғул буд[3].

Дар соли 2010 «Евразийская Медиа Компания» барҳам хӯрд ва Беҳрӯз як сол пас ба он монанд ширкатеро таҳти унвони «Топ Медиа» ба роҳ андохт[3].

Ӯ ҳамчунин ширкати нашри мусиқии «Tamoshow»-ро бунён ниҳод, ки зери назари он ҳунармандон натанҳо аз Тоҷикистон, балки ба таври куллӣ аз Осиёи Миёна кор мекунанд. Ба ибтикори ӯ, сар аз соли 2014, ҳарсола ҷоизаи мусиқии «Tamoshow Music Awards» дар пойтахти Тоҷикистон баргузор ва ба дурахшонтарину боистеъдодтарин ҳунармандони кишвар эъто мешавад[4].

Таҳқиқ дар шоу-бизнес[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Зеваров дар Тоҷикистон ба унвони муҳаққиқи шоу-бизнес шинохта мешавад. Ӯ дар ин замина китоберо ба унвони «Асрори шоу-бизнеси тоҷик» дар соли 2012 ба нашр расонидааст[5], ки он дар бораи нозукиҳои шоу-бизнеси Тоҷикистон[3], аз ҷумла барои чи тавр «ситора» шудан, чи будани нақши продюсер дар ин марҳала ва аз зиндагиву кори овозхонони тоҷик қисса мекунад[6].

Овозхонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Зеваров дар соли 2016 нахустин таронаашро ба забони русӣ бо номи «Аиша» ба бозор арза кард[7]. Ба қавли худи Беҳрӯз овозхонӣ дар хурдӣ яке аз орзуҳояш буд, аммо баъдан ин орзуро амалӣ сохт. Беҳрӯз Зеваров умдатан оҳангҳои бо забони русӣ иҷро мекунад[8].

«Бишнав» исми оҳанги ҷадиди Беҳрӯз Зеваров аст, ки матни ин таронаро Манижаи Давлат ва Орзу Исо муштаракан навиштаанд ва оҳанги и таронаро Роберт Мирзоён навиштааст[9].

Бозӣ дар филм[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Зеваров нақши соҳибкор Сардорро дар филми «Ишқ, пул, #Душанбе» бозидааст[10].

Фаъолияти ҷамъиятӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар соли 2013 Комиссияи Федератсияи сулҳи саросарии Созмони Милали Муттаҳид Беҳрӯз Зеваровро ба унвони «Сафири сулҳ» пазируфт.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Зеваров барандаи ҷоизаи озмуни «ТОП 50»-и радиои «Ватан» ва яке «50 фарди хушсалиқа дар Душанбе»[11] дар соли 2011 интихоб шудааст[12]. Ӯ ҳамчунин барандаи ҷоизаи «Суруди сол» — дар бахши «Продюсери беҳтарин» (2011), унвони «Падидаи сол» аз Медиа Алянси Тоҷикистон (2012) ва ҷоизаи «Asia Star Awards» барои саҳми хос дар фарҳанги Осиёи Марказӣ (2016) мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Биография Бехруза Зеварова(рус.). Бехруз Зеваров — Официальный сайт. zevarov.com. 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  2. Пять молодых таджиков, которые всего добились сами. asiaplustj.info. Новости Таджикистана ASIA-Plus. 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  3. 3.0 3.1 3.2 Беҳрӯз Зеваров ва "Асрори шоу-бизнеси тоҷик"(тоҷ.). Радиои Озодӣ (20 июли 2012). 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  4. Бехруз Зеваров – биография, фото, путь к успеху, награды 2021(рус.). Uznayvse.ru. 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  5. Бехруз Зеваров написал книгу Тайны таджикского шоу-бизнеса. centrasia.org. CentrAsia (23 июли 2012). 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  6. “Оиша” – таронаи нахустини Беҳрӯз Зеваров. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ (15 июли 2016). 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  7. Беҳрӯз Зеваров: Ман сурудҳоямро барои ИДМ таҳия мекунам. (MP3)(тоҷ.). Pressa.tj (15 июли 2016). 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  8. از دو سوی آمو: از بهروز زیورف تا آریانا سعید(форсӣ). BBC News فارسی (26 августи 2019). 15 феврали 2021 санҷида шуд.
  9. از دو سوی آمو: از بشیر و بهروز تا نگار ماندگار(форсӣ). BBC News فارسی (4 сентябри 2017). 15 феврали 2021 санҷида шуд.
  10. Нурангез Рустамзода. “Ишқ, пул, #Душанбе: Силсилафилми халқии тоҷикӣ дар YouTube(тоҷ.). newreporter.org. Хабарнигори муосир (10 октябри 2020). 10 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 ноябри 2020.
  11. برنامه تفریحی تاجیکی(форсӣ). BBC News فارسی (26 Декабри 2011). 10 феврали 2021 санҷида шуд.
  12. Премия «ТОП-50»: Бехруз Зеваров. top50.tj. ТРК «Ватан». 10 феврали 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]