Беҳрӯз Шарифӣ Маҷидиён
Маҷидиён Беҳрӯз Шарифӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | Беҳрӯз |
Таърихи таваллуд | 15 август 1992 (32 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб, Тоҷикистон |
Солҳои фаъолият | 2010 — то кунун |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | рэпсаро |
Baron (номи пурраи аслӣ Маҷидиён Беҳрӯз Шарифӣ; зод. 23 майи 1992, ноҳияи Шӯрообод, вилояти Кӯлоб, Тоҷикистон) — овозхон, рэпсарои маъруфи тоҷик, мудири иҷроияи гурӯҳи «Avlod Media».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Беҳрӯз Шарифӣ Маҷидиён 23 майи 1992 дар деҳаи Нахалникои ноҳияи Шӯроободи вилояти Кӯлоб дар хонаводаи соҳибкор ба дунё омадааст. Соли 1999 ба мактаби № 1 ноҳияи Шуробод ба синфи якум қабул мешавад. Аз синфи 2 то 3 дар мактаби № 3, аз синфи 3 то 4 боз дар мактаби № 1 таҳсил мекунад. Дар соли 2003 баъд аз хатми синфи 4 бо ҳамроҳии хонавода ба шаҳри Душанбе мекӯчанд ва чанд муддат дар мактаби № 96-и пойтахт таҳсил мекунад. Октябри ҳамон сол ба ноҳияи Рӯдакӣ кӯч баста дар Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А. С. Пушкин таҳсилашро давом дода онро хатм мекунад.
Соли 2010 ба факултаи ФСТИС-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил мешавад.
Рэпсароӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2010 бо ҳамроҳии Indas-у Jazeer гурӯҳи B.S 2-ро таъсис намуданд. Аввалин трекашон «Бҷмбон дхтарак» буд. Ҳамон сол бо ҳамроҳии Indas ва Jazeer гурӯҳи XZ (Xit Zona)-ро таъсис додааст. Аввалин треки гурӯҳи Xit Zona «Мактаб» ба ҳисоб меравад.
Беҳрӯз аввали сар кардани рэп сабки Андерграундро интихоб карда дар ин сабк бисёр навигариҳоро дохил карду пешқадам шуд. Пас аз машҳур шуданаш дар ҷодаи рэпи тоҷик бо рэпсароёное чун Bakha 84, Nabot, Master L.A.Bass, Abada, Chester, Shnaps, Koma ҳамкорӣ мекунад.
Соли 2013 моҳи 17 октябр бо ҳамкории WMoo pro аввалин намоҳангашро ба навор гирифта пешкаши ҳаводорони ин сабк гардонид. Соли 2014 аслан дар ҳайати меҳмонони Rap Session дохил мешуд. Худи ҳамин сол аввалин IP албоми худро бо номи «Мизон» баровард. Дар ин сол бо Bakha 84, Nabot ва дигарон feat кардааст.
Блогерӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Baron баъдан гурӯҳи «Avlod Media»-ро таъси доду фаъолияти блогериро ҳам дар радифи репсароӣ оғоз кард.
Парвандаи ҷиноӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 2019 алайҳи Беҳрӯз Маҷидиён ва чанд ҳамкораш барои нашри навори «Барон ва Рустам, рейди фоҳишаҳо дар трасса» тариқи шабакаи Ютуб бар асоси моддаи 144-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Онҳо дар ғайриқонунӣ ҷамъ ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ айбдор шуда, парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳоро додситонии Душанбе таҳқиқ карда буд[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Парвандаи ҷиноӣ алайҳи блогерҳо - Барон ва Рустам барои видеои “фоҳишаҳо дар трасса”(тоҷ.). Sputnik Tajik. 22 сентябри 2020 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беҳрӯз Шарифӣ Маҷидиён дар шабакаи иҷтимоии Facebook
- Baron дар вебгоҳи Instagram
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |