Jump to content

Бибинигорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бибинигорӣ — як навъ зардолуи маҳаллӣ; селексияи халқист.

Дарахташ зудсабз, сершохи садамонанд, соли 3–4-уми шинондан ниҳоли пайвандиаш ба ҳосил медарояд. Дарахти 55–57-солааш 105–120 кг ҳосил медиҳад. Миёнаҳои моҳи март гул карда, даҳаи авв. июн мевааш мепазад. Мевааш байзашакли нӯгтез (андозааш 4,2 х 3, 6 х 3,5 см, вазнаш 40–43 г), пӯсташ тунуки кампашмак, бо мумпардаи маҳин пӯшида шудааст, рангаш зарди баланд, аз гӯшташ ба осонӣ ҷудо мешавад. Гӯшташ хамираки шилмак (баъзан нахҳои борики чӯбмонанд дорад), зарди баланд, серобу ширин, хуштаъму хушбӯй, ҳангоми пурра пухтан 22,9% моддаҳои хушк, 13,8–14,3% қанд ва 1,1 г/л туршӣ дорад. Донакаш миёнаҳаҷм, нӯгтези қиррадор (вазнаш 1,4 г), аз гӯшташ ба осонӣ ҷудо мешавад. Мағзаш пурраи ширин (аксари донакҳо дутоӣ мағз доранд). Бибинигориро бештар барои тархӯрӣ, хушкондан ва консервонӣ (зардолуоб, мураббо, рубъ) истифода мебаранд. Ҳангоми хушкондан 23–25% баргак ва 34–36% ғӯлинги хушсифат ҳосил мешавад. Ҳангоми 2–3 моҳ нигоҳ доштан ғӯлингаш қурутак мебандад. Дарахташ дар заминҳои санглох хуб сабзида, ҳосили фаровон медиҳад. Ба хушкӣ ва шӯрии хок тобовар аст. Дарахтони алоҳидааш дар деҳаҳои Шӯрқӯрғон ва Хамирҷӯйи ноҳияи Конибодом дучор меоянд. Аз сармо, пармачии мева, сиёҳтосак (дар заҳзаминҳо) зарар мебинад.