Jump to content

Библиопсихология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Библиопсихология (аз библио… ва psyche — рӯҳ + loqos — омӯзиш) — соҳаи равоншиносӣ, ки масъалаҳои равонии дарк намудани матнҳоро дар асоси назарияи библиопсихологӣ — назарияи дарки матни бадеӣ бо дарназардошти ҷанбаи фардии ширкатдорони раванд: муаллиф — матн — хонанда меомӯзад. Матн дар ин маврид барои хонандагони он, ки хориқа ва ҳодисаҳои рӯҳиро дарк мекунанд, ҳамчун омили инъикоскунанда баррасӣ карда мешавад. Хонанда на танҳо аз рӯи аломатҳои манфиатҳое, ки хусусияти муҳити мутааллиқияташ (синф, табақа, касб ва ғайра) боис шудаанд, балки дар асоси хусусиятҳои таассурот (ҳиссиёт) низ шарҳ дода мешавад. Дар асоси онҳо назарияи типологияи равонии хонандагон пешниҳод карда мешавад.

Асосгузори Библиопсихология — Н. А. Рубакин (1862—1946).