Библиософия
Зоҳир
Библиософия (аз библио... ва sophia – дониш, ҳикмат), истилоҳе, ки с. 1893 китобшиноси итолиёӣ Г. К. Пило барои ифодаи илми маҷмӯӣ (комплексӣ) оид ба китоб пешниҳод кардааст. Ӯ ба таркиби библиология (омӯзиши китоб ҳамчун зуҳуроти адабӣ дар муносибати назариявию таърихӣ), библиография (тавсифи китоб) ва библиотекономия (омӯзиши усулҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо)-ро дохил намудааст.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |