Jump to content

Бигиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бигиз

[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои [[Гурӯҳ:{{{тип издания множественный}}} ба {{{забон}}}]]]]

«Бигиз» — маҷаллаи ҳаҷвии тоҷикӣ, ки ҳамчун иловаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар шаҳри Самарқанд солҳои 19311936 ба табъ мерасид.

«Бигиз» то соли 1931 бо номи «Мулло Мушфиқӣ» (аз 27 сент. 1926) ва дар солҳои 1929 — 30; 1936 бо номи «Мушфиқӣ» чоп шуда. дар таърихи пайдоиши матбуот ва адабиёти шӯравии тоҷик, хусусан дар ташакулли ҳаҷву мутоибаи моҳиятан нави тоҷик дар ҳамон солҳо нақши муҳим бозидааст. Адибони тоҷик Б. Азизӣ, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, М. Аминзода, Т. Зеҳнӣ, Қ. Баҳлулзода, Ҳ. Карим, А. Одилзода ва диг. аз фаъолтарин муаллифони «Бигиз» буданд. Вазъияти солҳои 20-30 садаи XX тақозо мекард, ки мухбирону муаллифони «Бигиз» хабару мақолаҳои худро бештар бо имзоҳои мустаор ба табъ расонанд. Имзоҳои мустаоре, ки дар «Бигиз» бисёр вомехӯранд, инҳоанд: Ҳардамхаёл (А. Деҳотӣ), Торсакӣ (Б. Азизӣ), Синбарсар (Ҷ. Суҳайлӣ), Қӯчқори Бешох (Т. Зеҳнӣ), Ғунда, Неш, Шоир, Каҷова, Махсум, Мавҷӣ, Сайёд, Нотарс, Дусара, Роҳгузар.