Бидоъ
Бидоъ (ар. البداع — ал-бадоъ) — истилоҳи фалсафаи калом, ки дар амри Худо раво будани раъйи тағйирёбандаро ифода менамояд.
Он ба ҳолате ишора мекунад, ки Худо ба чизе амр карда бошад ва баъди он аз амри пешинаи худ сарфи назар кунад. Ба ақидаи мутакаллимон, бандагон амри Худовандро он тавре ки дар лавҳи маҳфуз аст, тасаввур карда наметавонанд, зеро бисёр ҷиҳатҳои он барои онҳо пӯшида ва қобили дарк намебошад. Аз ин рӯ, Б. қавли тағйирёбии иродаи илоҳӣ дар амру наҳй (дар олами моддӣ) мебошад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, истилоҳи Б.-ро Ҳишом ибни Ҳакам ном мутакаллими шиа дар илми калом ҷорӣ намудааст. Ӯ муътақид буд, ки илми илоҳӣ фақат ба чизҳои мавҷуд тааллуқ дорад ва умури баъд баамалояндаро намедонад. Ин масъаларо дар фалсафаи каломи шиа мактаби каломии «шайхия» ҷонибдорӣ намудааст. Бино ба таълимоти ин мактаби каломӣ, илми илоҳӣ аз пайдоиши чизи наву тоза мутаассир гашта, метавонад ҳатто иродаи собитро тағйир бидиҳад. Далелҳои аҳли шиа роҷеъ ба Б. ояту сураҳои Қуръон, ҳадисҳо ва диг. матнҳо мебошанд. Муътазилиён муътақиданд, ки Худо дар афъолаш манфиати бандаро ифода мекунад, манфиат бошад, Б.-ро дар бар мегирад ва арзёбии умур бо тағйирёбии манфиат дигаргун хоҳад шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Угринович Д. М. Психология религии. М., 1986;
- علی اسغر حلبی. تاریخ علم کلام در ایران و جهان اسلام. تهران، ۱۳۷۶ هـ. ش
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бидоъ / М. Ҳазратқулов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.