Жорж Бизе
фр. Georges Bizet | |
Иттилооти асосӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд | фр. Alexandre Cesar Leopold Bizet |
Таърихи таваллуд | 25 октябр 1838[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 3 июн 1875[1][3][4][…] (36 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | classical composer, раҳбари мусиқӣ, пиёнунавоз, оҳангсоз |
Сабк | опера, симфонӣ, операи фаронсавӣ[d][9] ва мусиқии романтик[d] |
Ҷоизаҳо | |
Соядаст | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Алекса́ндр Сеза́р Леополд Бизе́ (фр. Alexandre-César-Léopold Bizet, баъди ғусли таъмид Жорж номида шуд, фр. Georges; 25 октябри 1838, Порис — 3 июни 1875, Буживал) — оҳангсози фаронсавӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи консерваторияи Париж (1857). Шогирди А. Ф. Мармонтел, П. Симмерман, Ж. Ф. Э. Галеви ва Ш. Гуно. Дар консерватория чандин маротиба мукофот гирифт. Соли 1857 барои кантатаи «Кловис ва Клотилда» сазовори мукофоти калони Рум гардид ва ин ба Бизе имконият дод, ки се сол дар Итолиё зиндагӣ кунад. Аз соли 1860 дар Париж зиндагӣ кард. Аз сабаби вазнин будани вазъияти моддӣ дарсҳои хусусӣ медод, асарҳои дигар муаллифонро таҳрир менамуд. Бизе аслан драматург буда, ба театри мусиқӣ низ таваҷҷуҳи калон дошт. Муаллифи 20 опера ва бисёр романсу увертюраҳо. Бизе дар операҳои «Дон Прокопило» (1858-59), «Ҷӯяндагони марворид» (1863), «Соҳибҷамоли Перт» (1866) «Ҷамила» (1872) ва опереттаҳояш анъанаҳои операи лирикии фаронсавиро инкишоф додааст.
Бизе аксари асарҳои худ, аз ҷумла операи «Иван Грозний»-ро ба охир нарасондааст. Асари Бизе операи «Кармен» (аз рӯйи новеллаи П. Мериме, 1874) қуллаи баланди реализми операвии садаи XIX буда, аз рӯйи хушоҳангӣ, зебоии гармония ва шакл ба яке аз операҳои машҳуртарини ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин опера дар репертуари Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ низ яке аз асарҳои асосӣ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 Cooper M. D. P. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ (unspecified title)
- ↑ Бизе Жорж // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ Свидетельство о смерти
- ↑ http://www.plusouder.be/opera-habanera-carmen.htm
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бизе Жорж // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 октябр
- Зодагони соли 1838
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони Порис
- Даргузаштагони 3 июн
- Даргузаштагони соли 1875
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Оҳангсозони асри XIX
- Оҳангсозони Фаронса