Билли Блэнкс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Билли Блэнкс
Billy Blanks navy.jpg
Санаи таваллуд:

1 сентябр 1955(1955-09-01) (63 сол)

Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб:

ҳунарпеша, ҳунарпешаи синамо, karateka, таэквондокор, бадалкор

IMDb:

ID 0087593

billyblanks.com
Commons-logo.svg Билли Блэнкс дар Викианбор

Билли Блэнкс (англ. Billi Blanks, тав. 1 сентябри 1955, шаҳри Эр, Панселвания) — варзишгар ва ҳунарпешаи амрикоӣ, мураббии дараҷаи байналмилалӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи дараҷаи ҳафтум дар таэквондо, ҳафт карат чемпиони ҷаҳон оид ба карате, дорандаи камарбандҳои сиёҳ дар панҷ намуди ҳунарҳои размӣ.

Нахустин касест, ки ба гирифтани унвони Amateur Athletic Union Champion (1975) муваффақ гаштааст. Дар чемпионати Иттиҳоди варзишӣ миёни ғайрикасбиён панҷ маротиба пирӯз шуд. Солҳои 80 асри 20 капитани дастаи Олимпии каратеи ИМА буд ва ин даста дар мусобиқаҳои мухталифи ҷаҳонӣ 36 медали тилло ба даст овард. Аз соли 1986 ба кино ҷалб шуда, дар 40 филми бадеӣ нақш офаридааст; ӯ меҳвари аслии саҳнаҳои размӣ буд. Дар филмҳои «Шердил» (1990), «Чанголи уқоб» (1992), «Пулиси соли дуҳазорум» (1993), «Сангдил ва кушанда» (1995), «Тавозуни қувва» (1996), «Мелроуз Плэйс» (силсилафилм, 1992–99), «Бузургустоди амрикоӣ» (2008) ва ғ. нақши асосиро бозидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]