Jump to content

Билқис ва Сулаймон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Билқис ва Сулаймон» — қиссаи ишқию романтикист, ки дар байни чандин халқҳои ҷаҳон (яҳудиён, мисриёни қадим, юнониҳо, эрониён, тоҷикон, румиён, арабҳо, туркҳо, ҳиндуён, ҳабашҳо ва ғайра) машҳур будааст ва дар Тавроту Қуръон (ба навъе диг.) низ зикр ёфтааст.

Донишмандони асримиёнагии Шарқ саргузашти Билқис ва Сулаймонро чун воқеаи таърихӣ ба қалам додаанд. Сулаймон писари Довуд подшоҳи мамлакати Исроилу Яҳудия буда, солҳои 965–928 то м. ҳукмронӣ кардааст. Дар замони ӯ кишвари Исроилу Яҳудия ва махсусан пойтахти он Байтулмуқаддас (Иерусалим) хеле инкишоф ёфт. Аз ин ҷиҳат Сулаймон дар тасаввури халқ чун шоҳи ботадбири одилу хирадманд ба чеҳраи ормонӣ табдил ёфт. Мувофиқи ривоятҳо Билқис маликаи Яман буда, чандин кишвари ҳамсояро ба итоати худ медарорад. Сулаймон (дар Таврот – подшоҳ, дар Қуръон – пайғамбар) Яманро, ки аҳли он оташпараст буданд, ба дини ростини илоҳӣ даъват карда, ошиқи Билқис мешавад: ниҳоят ӯро ба никоҳи худ дароварда, ҳафт сол зиндагӣ мекунад. Билқис аз дунё мегузарад. Сулаймон ба хотири Билқис дигар зан намегирад. Дар адабиёти форс-тоҷик аз ибтидо Сулаймон чун рамзи подшоҳи хирадманди одил ва Билқис чун тимсоли зани зебо ворид гардида, дар фолклори тоҷик Билқис ва Сулаймон бисёр нусхаҳо дошта, дар асоси он зарбулмасалу мақолҳо, тамсилу латифаҳо ва ҳикоятҳои пандомӯзи зиёде ба вуҷуд омадааст. Дар адабиёти хаттии форс-тоҷик бисёр қиссаву достонҳои мансур ва манзуми Билқис ва Сулаймон мавҷуданд, ки Билқис ва Сулаймон-и Низомуддин Муаммоии Астарободӣ (ваф. 1515), Файзии Даканӣ (1547–95), Аҳмадхони Суфӣ (асрҳои 17–18). «Сулаймоннома»-и Зулолии Хонсорӣ (ваф. 1616), «Қиссаи Сулаймон»-и Шарофуддин Абуяъқуби Табрезӣ (асри 16), «Достони Сулаймон»-и муаллифи номаълум, достони ривоятии «Қиссаи Сулаймон ибни Довуд» аз он қабиланд. Достону қиссаҳо ва маснавиҳои Билқис ва Сулаймон, бо вуҷуди фарқҳои ҷузъӣ дар сужа ва тарзи фардии нигориши ҳар муаллиф, ҷиҳатҳои умумии бисёр низ доранд. Аввалан дар ҳамаи онҳо мубоҳиса, радду бадали ақидаҳо, андешаронӣ, муҳокимаҳои ҳакимона, саволу ҷавобҳо ҷой доранд. Дуввум, дар ҳамаи қиссаву достонҳои Билқис ва Сулаймон лаҳзаҳои таваллуди Сулаймон аз батни Батшо, ӯро валиаҳд таъйин кардани Довуд, аз хурдӣ осори донишу ҳикмат зоҳир намудани вай, ба тахти шоҳӣ нишастани ӯ, тобеияти кулли махлуқот ба вай ва ғ. муштараканд. Мулоқоти Сулаймон бо мӯрча, ҳангоми ҷудоии Сулаймон аз Билқис нигини ӯро дуздидани девон, подшоҳии мулки Сулаймонро соҳиб шуда, мамлакатро ба харобӣ табдил додани онҳо аз лаҳзаҳои драмавии достону қиссаҳо мебошад. Ашхоси адабии Билқис ва Сулаймон одамони таърихӣ, чеҳраҳои адабӣ, ҳайвонот ва махлуқоти ҳаётӣ буда, ҳама барои ифодаи ғояҳои инсонӣ хидмат мекунанд. Дар достони «Вомиқ ва Узро», ки Вомиқ чун бародарзодаи Билқис қаламдод мешавад, қиссаи муфассали Билқис ва Сулаймон низ нақл мегардад. Аз мавзӯъи Билқис ва Сулаймон адибони дигар низ истифода кардаанд. Хоқонӣ мегӯяд:

Ҳазрати Билқис – бонуи Сабо
Бар сари арши муалло дидаам.

Саъдии Шерозӣ мефармояд:

На худ сарири Сулаймон ба бод рафтию бас,
Ки ҳар куҷо, ки сарирест, меравад барбод.

Ин қисса бо номи «Қазо ва қадар» ҳам машҳур аст.

  • Билқис ва Сулаймон / А. Афсаҳзод, А. Сатторзода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.