Бингина
Бингина, бангина — як навъи бозии кӯдакон ва наврасон.
Дар бингина 5-6 нафар ва гоҳе бештар кӯдакон ва наврасон иштирок мекунанд. Бозӣ дар ҳамворӣ, боғ, кӯча ва ё рӯйи ҳавлӣ баргузор мешавад. Тарзи гузаронидани бозӣ чунин аст. Кӯдакон ва наврасон дар шакли доира истод мешаванд. Яке аз онҳо таронае ё калимаи қофиядореро мехонад ва ҳангоми талаффузи ҳар калима дасти худро ба синаи яке аз бозигарон мерасонад. Мас., «атола, битола, нони ман гитола, қоқ!». Агар калимаи «қоқ» ба касе тамом шавад, он шахс ду-се қадам ба қафо меравад. Ҳамин тавр касе, ки дар охир танҳо мемонад, чашмони ӯро бо рӯймол маҳкам мебанданд. Дигарон мисли занбӯр «бинг-г-г!» «бинг-г-г!» «бинг-г-г!» ва ё «винг-г-г!» «винг-г-г!» «винг-г-г!» гӯён бадани ӯро мепучанд. Шахси чашмбаста ҳар касеро, ки ӯро «бинг-г-г!» гӯён мепучад, аз дунболаш мешавад, то ӯро даст гирад. Агар касеро даст гирад, чашмашро мекушояд ва ин дафъа чашми шахси дастгиршуда баста мешавад. Ҳамин тавр бозӣ то муддате давом меёбад. Бачаҳо дар охири бозӣ ҳисоб мекунанд, ки кӣ зиёд бингина шуд ва ё ки нашуд. Агар касе бингина нашуда бошад, бо ифтихор мегӯяд, ки ман бингина нашудам.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бингина / Р. Раҳмонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.