Бине, Алфред

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бине, Алфред
фр. Alfred Binet
Alfred Binet.jpg
Санаи таваллуд:

8 июл 1857(1857-07-08)[1][2][3]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

18 октябр 1911(1911-10-18)[4][1][…] (54 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

равоншиносӣ ва psychometrics[d]

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

Jean-Martin Charcot[d]

Commons-logo.svg Бине, Алфред дар Викианбор

Алфре́д Бине́ (фр. Alfred Binet; 11 июли 1857 — 18 октябри 1911, Порис) — равоншиноси фаронсавӣ, асосгузори равоншиносии эксперименталӣ дар Фаронса, бунёдгузори аввалин озмоишгоҳи равоншиносӣ дар Сорбонна (1889).

Алфред Бине яке аз муҳаққиқони асосии таълимот доир ба коркарди тестҳо ба шумор меравад. Ӯ масъалаҳои зеринро тадқиқ намудааст: патологияи шуур ва шахс, усулҳои озмоишӣ, тафаккур ва функсияҳои олии маърифатӣ, талқин, гипнотизм, хотир ба мусиқӣ ва шоҳмот, эҳсос ва ҳиссиёти кӯдакон, ҳалли масъалаҳо, графология, психологияи мактаб ва дефектология, психологияи гурӯҳҳои хурд, хастагии ақлӣ, рафтори ҳашарот ва ғ. Алфред Бине дар асарҳои худ «Равоншинос-ии хулосабарорӣ» (1886), «Муқаддимаи равоншиносии эксперименталӣ» (1894), «Хастагии ақлӣ» (1898), «Методикаи озмоиши тараққиёти ақлӣ» (1922) кӯшиш намудааст, ки усули объективии таҳқиқотро дар равоншиносӣ татбиқ намояд.

Осор[вироиш]

  • Психология умозаключения на основании экспериментальных исследованый посредством гипнотизма. М., 1889;
  • Умственное утомление. М., 1899;
  • Душа и тело. М., 1910;
  • Современные идеи о детях. М., 1910;
  • Ненормальные дети. М., 1911.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]