Биогеокимиё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Биогеокимиё
Тавзеҳот дар сомонаи encyklopedia.pwn.pl/hasl…
Commons-logo.svg Биогеокимиё дар Викианбор

Биогеокимиё (аз био... ва геокимиё) — як фасли геокимиё, ки амалиёти геокимиёии дар биосфера бо ширкати организмҳо рухдодаро меомӯзад.

Биогеокимиё на фард ё як намуди алоҳидаи организм, балки ҷамеи организмҳоро чун моддаи зинда мавриди таҳқиқ қарор медиҳад. Моддаҳои зинда дар рӯйи Замин нобаробар тақсим шудаанд. Дар баъзе мавзеъҳо миқдори онҳо кам, дар мавзеъҳои дигар хеле бисёр аст, мас., планктон дар баҳру уқёнус, рустаниҳо дар бешазор, гумус ва торф дар хок ва ғ. Массаи асосии моддаи зиндаро рустаниҳо ташкил медиҳанд. Онҳо тақрибан 1 дарсади шуои офтобро фурӯ мебаранд, ки қимати он баробари 3•1014 кг карбон аст. Ба таркиби моддаи зинда ҳамаи унсурҳои кимиёӣ ва изотопҳои онҳо дохил мешаванд. Вале массаи асосии ҳар кадом организмро миқдори ками ин унсурҳо, яъне унсурҳое, ки дар биосфера пайвастҳои фаъол ва зудҳал ҳосил мекунанд, мас., CO2, NH3, H2O, ионҳои H+, OH, NO3–, SO42–, PO43–, Na+, K+, Ca2+ ва Mg2+--ро ташкил медиҳанд. Миқдори унсурҳое, ки дар биосфера пайвастҳои фаъол ва ҳалшаванда ҳосил намекунанд (мас., Ti, Zr, Th ва ғ..) дар таркиби организм кам аст. Ширкати моддаи зинда дар амалиёти биогеокимиёӣ мустақим ва ғайримустақим мешавад. Мас., баъди нобуд шудани организмҳо моддаи зинда дар ҳосил гаштани диатомит, оҳаксанг, ангишт, нафт ва ғ. бевосита ширкат меварзад. Рустаниҳои сабз дар натиҷаи фотосинтез атмосфераро аз оксиген ғанӣ мегардонанд. Обсабзҳои баҳрӣ йод захира мекунанд. Таъсири ғайримустақими организмҳо ва маҳсули фаъолияти ҳаётии онҳо ба амалиёти биогеокимиёӣ хеле гуногун аст. Микроорганизмҳо дар раванди оксидшавии оҳан, манган ва унсурҳои дигар иштирок намуда, боиси аз маҳлулҳои табиӣ таҳшин шудани онҳо мегарданд. Зери таъсири моддаи зинда бо мурури вақт амалиёти геокимиёӣ таѓйир меёбанд. Мас., вақте ки дар Замин биосфера вуҷуд надошт, уран, ванадий ва германий дар таҳшиниҳои маъдани оҳан ҷамъ мешуданд. Баъди пайдо шудани биосфера онҳо дар баъзе навъҳои ангишт ва битумҳо низ гирд меоянд.

Дар раванди биогеокимиёӣ одам низ мақоми хосса дорад. Ҳар сол аз қаъри Замин ба сари ҳар нафар одам даҳҳо тон ҷинси кӯҳӣ истеҳсол карда мешавад. Одам ба таркиби кимиёӣ ва изотопии атмосфера, биосфера ва қишри замин таъсир мерасонад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]