Jump to content

Биополимерҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биополимерҳо — пайвастҳои табиии калонмолекула, ки асоси сохтори ҳамаи организмҳои зинда буда, дар ҷараёни ҳаёт аҳаммияти бузург доранд.

Гурӯҳи хеле муҳимми моддаҳои органикиро полимерҳо ташкил медиҳанд. Массаи молекулавии онҳо ба даҳҳо ҳазор ва ҳатто ба миллионҳо мерасад. Саноат полимерҳои хеле гуногун (полиэтилен, полипропилен, поливинилхлорид, капрон ва ғайра)-ро истеҳсол мекунад, ки дар хоҷагии халқ фаровон истифода мешаванд. Аз онҳо барои рагҳо, банду буғум, дил, чашм ва бофтаҳо протез тайёр мекунанд.

биополимерҳо дар раванди биосинтез дар ҳуҷайраҳо ҳосил мешаванд. Солҳои охир оид ба муайян кардани сохти фазогии биополимерҳо, ки фаъолияти биологии онҳо маҳз ба ҳамин алоқаманд аст, муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Тадқиқи сохти онҳо барои дарки равандҳои биологӣ муҳим аст. Мас., биополимерҳои омехта, ки аз қисмҳои сафедавӣ ва ғайрисафедавӣ таркиб ёфтаанд (гликопротеидҳо), дар бунёди иммунитет, шахшавӣ ва муайян кардани гурӯҳҳои хун аҳаммияти бузург доранд. Вазифаи биологии биополимерҳоро фанҳои тиббию биологӣ, хусусан биохимия меомӯзад. Ба биополимерҳо сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинат, полисахаридҳо, гликопротеидҳо, липопротеидҳо, гликолипидҳо ва ғ. мансубанд.

Сафеда чун асоси мавҷудоти зинда дер боз дар мадди назари олимон қарор дорад. Сафеда — ин пӯст, мушак, нохун, антибиотик, гормон, витамин ва ғ. аст. Дар рушди химияи сафеда олимон А. Я. Данилевский, Н. Д. Зелинский, Э. Фишер, М. Бергман, Ф. Шорм, Ф. Сенгер ва диг. саҳми арзанда гузоштаанд. Кимиёи сафеда соҳаи махсус буда, ғоя ва усулҳои биологӣ, тиббӣ, кимиёӣ ва физикавии таҳқиқотро бо ҳам мепайвандад. Сафеда асоси моддии фаъолияти кимиёии ҳуҷайра буда, вазифаи гуногун дорад.

Карбогидратҳо пайвастҳои органикии табиӣ буда, ба таркиби ҳуҷайра ва бофтаҳои организми рустаниву ҳайвонот дохил мешаванд. Онҳо дар табиати зинда аҳаммияти калон доранд, зеро манбаи энергияи захиравӣ (дар рустанӣ — крахмал, дар ҳайвонот — гликоген), қисми таркибии сохти девораи ҳуҷайраи рустаниҳо (селлюлоза), бактерияҳо (мурамин), занбӯруғҳо (хитин), ҳамчунин унсури таркибии як қатор моддаҳои ҳаётан муҳим (кислотаҳои нуклеинат, коферментҳо, витаминҳо) мебошанд.

Глюкоза, ки дар таркиби меваҳо мавҷуд аст, карбогидрати маъмул мебошад. Меъёри он дар хун 0,08-0,11%-ро ташкил медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳои маризӣ, мас., диабети қандӣ, миқдори глюкоза дар хун меафзояд. Карбогидратҳо ба моносахаридҳо ва полисахаридҳо ҷудо мешаванд.

Кислотаҳои нуклеат якҷоя бо сафедаҳо унсурҳои асосии ядрои ҳуҷайраҳои зинда ва вирусҳоро ба вуҷуд меоранд. Онҳо дар протоплазмаи ҳуҷайра низ мавҷуданд. Кислотаҳои нуклеат дар интиқоли аломатҳои ирсӣ (ахбори генетикӣ) муҳим буда, раванди биосинтези сафедаро идора мекунанд. Силсилаи полимерии кислотаҳои нуклеат аз мононуклеатидҳо сохта шудаанд. Кислотаҳои нуклеате, ки дар таркибашон рибоза доранд, кислотаҳои рибонуклеат (КРН) ва кислотаҳои рибонуклеате, ки таркибашон аз дезоксирибоза иборат аст, кислотаҳои дезоксирибонуклеат (КДН) номида мешаванд.

  • Тюкавкина Н. А., Бауков Ю. И. Биоорганическая химия. М., 1985;
  • Самиев М. Методические разработки по теоретическому курсу биоорганической химии. част II. Д., 1984.