Jump to content

Биоҳидроакустика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биоҳидроакустика (аз био..., гидро... ва акустика) — садое, ки аз организмҳои обӣ бармеояд.

Биоҳидроакустика дар давраи Ҷанги дувуми ҷаҳон, дар натиҷаи истифодаи гидроакустикаи техникӣ ба вуҷуд омадааст. Садоҳое, ки организмҳои обӣ (моҳиҳо, ширхӯрҳо, харчангшаклҳо ва ғайра) мебароранд, хеле гуногун буда, ба кори муътадили олоти гидроакустикӣ халал мерасонанд. Биоҳидроакустика барои флоти ҳарбии баҳрӣ аҳаммияти бузург дорад. Бо ёрии биоҳидроакустика киштиҳои зериобиро аз селаи моҳиҳо ё кит фарқ кардан мумкин аст. Яке аз қисматҳои муҳимми биоҳидроакустика биоакустикаи моҳиҳо мебошад. Таҳқиқот нишон доданд, ки бисёр моҳиҳо садои ба худ хоссе мебароранд. Ҳангоми дар давоми сол иваз шудани сикли биологии моҳиҳо (афзоиш, фарбеҳӣ, зимистонгузаронӣ) ва равшанӣ (дар муддати шаборӯз) тарзи овозбарории моҳиҳо ҳам тағйир меёбад. Рафтори моҳиҳоро фақат ҳангоми донистани хусусияти шунавоӣ ва имконияти садоҳои гуногунро фарқ намудани онҳо муқаррар кардан мумкин аст. Биоҳидроакустика дар мавриди омӯзиши баъзе намудҳои моҳӣ (бо мақсади истифодаи онҳо) низ аҳаммияти бузург дорад. Бо ин мақсад, аз дастгоҳи гидроакустикии кофтукови моҳиҳо истифода мебаранд, ки бо ёрии он дар натиҷаи истифодаи усулҳои эхолокатсия умқи ҷойи зист, селаи моҳиҳо, суръати ҳаракат ва миқдори онҳо аниқ муайян карда мешавад. Биоҳидроакустика дар гирд овардани моҳиҳо ва диг. организмҳои обӣ, идора кардани рафтор ва ба низом андохтани ҳаракати онҳо дар иншооти моҳигузарон аҳаммияти бузург дорад. Маълумоти биоҳидроакустика дар бобати омӯзиши узвҳои акустикии наҳанг, ромуз ва ғ., ки қобилияти фавқулодаи фарқкунанда аз дигар ҷонварон доранд, саҳми даркорӣ мегузорад. Чунин ҳайвонот бо роҳи қабул ва фиристодани импулсҳои гидроакустикӣ мавҷудияти ғизо ва омилҳои хавфноки зери обро муайян мекунанд.