Jump to content

Бисмили Шерозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бисмили Шерозӣ
Таърихи таваллуд: 1800(1800)
Таърихи даргузашт: 1885(1885)
Навъи фаъолият: шоир

Бисмили Шерозӣ (форсӣ: بسمل شیرازی‎, 1800, Шероз1885, ҳамон ҷо) — шоир ва донишманди эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи мударрис. Мадрасаи «Ҳаким»-и Шерозро хатм кардааст. Бисмили Шерозӣ ба ду забон — форсӣ ва арабӣ шеър мегуфт. Дар илми хаттотӣ низ моҳир буда, тибқи маълумоти тазкиранигори эронӣ Муҳаммад Ровӣ («Анҷуманорои Хоқон») хатти шикастаро хеле хуш менавиштааст. Рисолаҳои Бисмили Шерозӣ «Исботи воҷиб», «Рисола дар исботи нубувват», «Андарзнома», «Шарҳи сӣ фасл»-и Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, «Баҳру-л-лаолӣ», «Тафсири Қуръон», «Сафинат-ун-на­ҷот» масъалаҳои ахлоқӣ ва фалсафию диниро дар бар мегиранд. Девони ашъори Бисмили Шерозӣ асосан аз ғазал, қасида, рубоӣ иборат буда, дар мавзӯъҳои ишқию ирфонӣ, мадҳ, табиат ва ғ. гуфта шудаанд. Дар ашъори ӯ фахрия низ мушоҳида мешавад. Чунончи, шоир дар зимни ғазале навиштааст:

Бисмил имрӯз манам дар ҳама офоқу Нишот,
Исфаҳон фахр ба ӯ дораду Шероз ба ман.

«Тазкираи дилкушо»-и Бисмили Шерозӣ барои омӯзиши адабиёти садаи 19-и Эрон сарчашмаи муҳим аст.