Бист боб дар маърифати тақвим
Унсури холии Викидода |
«Бист боб дар маърифати тақвим» — рисолаи риёзидон ва мунаҷҷими форс-тоҷик Низомуддин Абдулалӣ ибни Муҳаммад ибни Ҳусайни Бирҷандӣ дар солшуморӣ, тақвим ва аҳкоми нуҷум.
«Бист боб дар маърифати тақвим»-ро муаллиф с. 883 ҳ. қ. (1478) навиштааст; бо номҳои «Мухтасар дар маърифати тақвим» ва «Рисола дар маърифати тақвим» низ ёд мешавад.
Бобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]«Бист боб дар маърифати тақвим» аз чунин бобҳо иборат аст:
- «Дар маърифати ҳисоби ҷуммал»
- «Дар маърифати айёми асобеъ ва таърихи машҳур»
- «Дар маърифати буруҷ, кавокиб ва тақовими эшон»
- «Дар маърифати сайри кавокиб, раҷъат ва истиқомати эшон»
- «Дар маърифати майли Офтоб, арӯзи кавокиб ва ҷувзаҳароти эшон»
- «Дар маърифати соот, ғоити иртифоъ, залл ва нисф-ун-наҳор»
- «Дар маърифати назар, танозир, муҷосада, интикос, таҳвил ва акс»
- «Дар маърифати шараф, ҳубути кавокиб, авҷот ва ҳазизоти эшон»
- «Дар маърифати толеи иҷтимоъ, истиқбол ва ҷузъи эшон»
- «Дар маърифати нутоқот, зуҳур, хафои мутаҳаййира ва руъяти аҳла»
- «Дар маърифати интиқолоти Қамар, мумозаҷот ва ҳолоти ӯ»
- «Дар маърифати манозили Қамар ва сооти буст»
- «Дар маърифати авқоти салот ва иртифои самти қибла»
- «Дар маърифати таърихи хитоиён»
- «Дар маърифати завоиде, ки дар тақвим оранд»
- «Дар маърифати аҳволи буруҷ, арбоби мусалласот, аҳволи кавокиб ва арбоби соот»
- «Дар маърифати хутути кавокиб»
- «Дар маърифати буюти дувоздаҳгона, мадлулоти кавокиб ва мансуботи эшон»
- «Дар маърифати аҳволи анзор ва он чи бад-он монад»
- «Дар маърифати усуле, ки дар ихтиёрот ба кор ояд»
Дар бобҳои рисола маълумот оид ба тақвимҳо, бурҷҳо, бурҷҳои дувоздаҳгона, арз ва баландии ситораву сайёрагон, ҳодиса ва истилоҳоти нуҷумӣ (сайр, раҷъат, истиқомат, истиқбол, шараф, ҳубут, авҷ, майл, иртифоъ, таҳвил, муҷосада, назар, танозир ва ғайра) оварда шудаанд. Яке аз шарҳҳои машҳур ба ин рисоларо Музаффар ибни Муҳаммадқосими Гунободӣ (ваф. пас аз с. 1615) дар с. 1596 навишта ба шоҳ Аббоси I Сафавӣ (1571–1629) тақдим кардааст. Нусхаҳои зиёде аз ин рисола дар китобхонаҳои Эрон ва кишварҳои дигар мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астрономы мусульманского средневековья и их труды (VIII–XVII вв.). М., 1983;
- دانشنامۀ جهان اسلام. ج۵.تهران، ۱۳۷۸
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бист боб дар маърифати тақвим / М. Холов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.