Jump to content

Аббоси I

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳ Аббоси Бузург
форсӣ: شاه عباس بزرگозарбойҷонӣ: I Abbas Səfəvi
майи 1587 — 19 январи 1629
Пешгузашта Муҳаммад Худобанда
Ҷонишин Шоҳ Сафӣ

Таваллуд 27 январ 1571
Даргузашт 19 январ 1629(1629-01-19)[1][2] (57 сол)
Мадфан
Дудмон Сафавиён
Падар Муҳаммад Худобанда
Модар Хайруннисо Бегим[d]
Ҳамсар Q100257858?, Ёкҳон Бегим[d] ва шоҳзода Морто аз Кохетӣ[d]
Фарзандон Муҳаммадбоқир Мирзо[d], Soltan Mohammad Mirza[d], Zubaidah Begum[d] ва Imam Qoli Mirza[d]
Эътиқод шиъа
Фармондеҳӣ Military of the Safavid dynasty[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аббо́си I, Шоҳ Аббос (форсӣ: شاه عَباس بُزُرگ‎; озарбойҷонӣ: I Abbas Səfəvi[3][4]; (27 январ 1571, Ҳирот — 19 январи 1629, Қазвин) — шоҳи Форс[5] аз аз сулолаи Сафавиён, Солҳои ҳукмрониаш — 1588—1629.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аббоси I 27 январи соли 1571 дар шаҳри Ҳирот дар оила шоҳаншоҳ Муҳаммад Худобанда (1531—1596)[6] ва Маҳдиулё (?-1579), духтари ҳокими вилоят Мозандарон, Мир Абдуллоҳхон ба дунё омадааст.

Аббоси I писари волии Хуросон Муҳаммад Мирзо буда, бо номи Шоҳ Аббоси Кабир низ машҳур буд. Аббоси I аввал бо мадади қабоили устоҷлу ва шомилу соли 1581 дар Нишопур ҳокимиятро соҳиб шуда, худро шоҳи Хуросон эълон кард.

Шоҳ Аббоси I Вали Муҳаммадхонро мепазирад. тақ. солҳои 1650. Наққошӣ дар қасри Чиҳилсутун, Исфахон.

Соли 1588 бо ёрии тоифаи қизилбошон вориди пойтахти давлати Сафавиён — Қазвин гардид ва падараш Муҳаммад Мирзоро сабукдӯш карда, худро шоҳи Эрон эълон кард. Дар ин муддат Аббоси I се мушкили умдаи давлати Сафавиёнро ҳал намуд: аввал таҳдиди туркҳои Усмонӣ, дуюм хатари ӯзбекони шайбониро бартараф намуда, сеюм қудрати қизилбошонро тавсеа дод. Ибтидо бо Туркия ба муддате паймони дӯстӣ баст; сипас вилоятҳои Шероз, Кирмон, Гелон ва Хуррамободи Луристонро тасарруф намуд; соли 1598 ӯзбекони Хуросонро шикаст дода, Ҳиротро тобеи худ кард ва худи ҳамон сол пойтахти давлати Сафавиёнро аз Қазвин ба Исфаҳон кӯчонда, Бухоро, Хуросон ва Моварои Қафқозро ба итоати худ даровард. Дар андак муддат симои шаҳри Исфаҳон тағйир ёфт ва биноҳои таърихии асри сафавӣ — Майдони Шоҳ, масҷиди шайх Лутфуллоҳ, Масҷиди Шоҳ, Пули Оллоҳбердихон, Хиёбони Чаҳорбоғ, Кохи Оли Қому бунёд гардиданд. Минбаъд Аббоси I барои ислоҳоти девонӣ, маъмурӣ ва низомӣ низ иқдом кард. Пас аз анҷоми ислоҳоти низомӣ Аббоси I соли 1601 Табрез ва Шервонро аз туркҳои Усмонӣ озод намуд ва бо мадади флоти англис заминҳои ҷануби Эрон ва Баҳрайн (1601 — 02), Қандаҳор (1621) ва Ҳурмузгонро (1622) аз португалиҳо бозпас гирифт. Соли 1623 Ироқро тасарруф намуд. Дар сиёсати худ Аббоси I такя ба сарватмандон ва ашрофи турк мекард; тамоми умр муқобили феодалони саҳронишин ва саркаш мубориза бурд. Ислоҳоти молиётӣ ва пулии Аббоси I низ натиҷаи хуб доданд. ӯ барои ободонии кишвар аз асирони ҳарбии гурҷиҳо, арманиҳо, озариҳо, черкасиҳо, туркманҳо истифода бурд. Дар аҳди Аббоси I роҳҳо, пулҳо, корвонсаройҳо, ҳаммомҳо ва бозорҳои сершуморе бунёд гардиданд, ки ба вазъи иқтисодӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ ва муносиботи пулӣ таъсири мусбат расонданд. Ҳамчунин санъатҳои тасвирӣ, ороиши амалӣ, хаттотӣ, наққошӣ ва ҳунарҳои кошикорӣ, қолинбофӣ, нассоҷӣ, кулолӣ, шишагарию чинисозӣ низ хеле равнақ ёфтанд. Аббоси I бо Англия, Португалия, Испания, Австрия, Голландия, Россия муносибатҳои хуби дипломатӣ барқарор кард. Вале бо вуҷуди ин дар даврони салтанати Аббоси I дар саросари қаламраваш шӯришҳои халқӣ (Гелон, 1592, Ғарҷистон, 1624 ва ғайра) сар заданд, ки бераҳмона саркӯб шуданд.

  1. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  2. Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  3. Mazzaoui Michel B. Islamic Culture and Literature in Iran and Central Asia in the early modern period // Turko-Persia in Historical Perspective. — Cambridge University Press, 2002. — P. 86-87. — ISBN 0-521-52291-9, ISBN 978-0-521-52291-5 Safavid power with its distinctive Persian-Shi’i culture, however, remained a middle ground between its two mighty Turkish neighbors. The Safavid state, which lasted at least until 1722, was essentially a «Turkish» dynasty, with Azeri Turkish (Azerbaijan being the family’s home base) as the language of the rulers and the court as well as the Qizilbash military establishment. Shah Ismail wrote poetry in Turkish. The administration nevertheless was Persian, and the Persian language was the vehicle of diplomatic correspondence (insha'), of belles-lettres (adab), and of history (tarikh).
  4. И. В. Пигулевская, А. Ю. Якубовский А. Ю., И. П. Петрушевский, Л. В. Строева, А. М. Беленицкий. «История Ирана с древнейших времен до конца XVIII века». 1958 Стр.274 разд. Реформы шаха Аббаса I: Языком войска и двора остался тюркский (азербайджанский) язык.)
  5. ʿAbbās I // Донишномаи Британника
  6. Savory R. M. ʿAbbās (I)(англ.). Encyclopædia Iranica. 8 октябри 2013 санҷида шуд.