Биёбон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Биёбон
Agasthiyamalai range and Tirunelveli rainshadow.jpg

Биёбон — саҳрои камобу алаф, бодия, замини нокорам, ҳудуди иқлимаш хушки континентии арзҳои муътадил, субтропикӣ ва тропикӣ.

Миқдори боришоти солонаи биёбон 150—175 мм буда, бухоршавӣ назар ба миқдори солонаи боришот чандин маротиба зиёд аст. Ҷараёни обҳои рӯизаминӣ кӯтоҳмуддатанд ё вуҷуд надоранд. Обҳои зеризаминӣ — шӯр, қабати хок — тунук ва ҷамъшавии намакҳо дар хок зиёд аст. Олами набототи биёбон ниҳоят камбағал, рустаниҳояш камшоху камбарганд, танҳо эфемерҳо, эфемероидҳо, суккулентҳо, галофитҳо мерӯянд. Ҳайвонҳо, одатан, шабгарданд. Киштзорҳо ба таври сунъӣ обёрӣ мешаванд. биёбонҳо санглох, гилӣ, регзор, шӯрзамин ва ғ. шуда, биёбони Арктика аз ҷумлаи биёбонҳои махсус аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]