Блефарит
Блефарит | |
---|---|
Ихтисос | Чашмпизишкӣ |
МКБ-10 | H01.0 |
---|---|
МКБ-9 | 373.0 |
DiseasesDB | 1455 |
MedlinePlus | 001619 |
eMedicine | oph/81 |
MeSH | D001762 |
Блефари́т (лот. blepharitis от юн.-қад. βλέφαρον — «пилк») — газаки канораи пилки чашм.
Блефарит аз ғизои пастсифат, камхунӣ, амрози меъдаву рӯда, бемориҳои дандон ва бинӣ, ангезиши доимии чашм бо гарду чанг, боду ғубор, ислоҳ нашудани нуқси оптикии чашм (Масалан дурбинӣ, наздикбинӣ) сар мезанад. Канори пилк сурх гашта, атрофи мижа варам мекунад, хилмаки сафед ё зард пайдо мешавад, мижа мерезад ва чаппа (ба тарафи чашм) месабзад.
Блефарит фалсӣ ва захмӣ мешавад. Ҳангоми блефарити фалсӣ канораи пилк каме варам карда, карахш мебандад. Чашм хоришу сӯзиш мекунад, нисбат ба шамол, гарду чанг ва рӯшноӣ ҳассос мешавад. Дар мавриди блефарити захмӣ халтачаҳои мӯй илтиҳоб пайдо карда, захмҳои хурд мебароянд ва хушкида, карахш мебанданд. Барои пешгирӣ ва табобати блефарит риояи қоидаҳои беҳдошт, хӯроки серғизо, гирифта гаштани айнак лозим аст. Блефаритро бо доруҳои тавсиякардаи духтур худи бемор ё хешовандони ӯ табобат мекунанд. Барои ин бо сарангушт ва ангушти ишорати дасти чап пилки чашмро андаке поён кашида, бо дасти рост ба воситаи каламчаи шишагин ба канори пилк марҳам мемоланд. Дар баъзе мавридҳо ҳангоми Блефарит масҳи пилк, ки онро бояд духтур таъйин ва иҷро кунад, натиҷаи хуб медиҳад. Табобати блефарит басо давомдор буда, аз бемор сабру таҳаммул мехоҳад. Барои пешгирии блефарит сари вақт табобат кардани бемориҳое, ки боиси он мегарданд, ҳамчунин риояи қоидаҳои беҳдошт (дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, хусусан дар сартарошхона, ҳаммом, машшотахона ва ғайра) аҳаммияти зиёд дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Парадоксов Л. Ф. Мероприятия по борьбе с глазной заболеваемостью в Таджикской ССР // Здравоохранение Таджикистана, 1939,№ 3;
- Парадоксов Л. Ф. Краткий справочник по глазным болезням. Сталинабад, 1943;
- Страгунский Л. С., Козлов С. Н. Инфекции глаз. М., 2002.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блефарит / Ш. Маҳмадов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.