Блефароспазм
Зоҳир
Блефароспазм | |
---|---|
Ихтисос | Асабшиносӣ |
МКБ-10 | G24.5 |
---|---|
МКБ-9 | 333.81 |
OMIM | 606798 |
DiseasesDB | 15748 |
MedlinePlus | 000756 |
eMedicine | oph/202 |
MeSH | D001764 |
Блефароспа́зм (аз юн.-қад. βλέφαρον — пилк ва σπασμός — спазм) — қабз, ташаннуҷ) — ташаннуҷи мушакҳои даврагии пилки чашм.
Блефароспазм тонусӣ ва клонусӣ мешавад. Блефароспазми тонусӣ бинобар ташаннуҷи мушакҳои даврагии чашм ба таври устувор пӯшида шудани пилк аст; ба тариқи рефлексӣ ҳангоми бемориҳои чашм, иллати асаби рухсора, амрози рӯҳӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Он мумкин аст дар натиҷаи ба мултаҳимаи пилки боло ё қарния афтодани ҷисми бегона низ пайдо шавад. Блефароспазми клонусӣ кам ба мушоҳида мерасад. Сабаби пайдоиши он ғайриихтиёр ва тезтез мижа задан аст. Блефароспазми клонусӣ яке аз тарзҳои мушакпарӣ (тик) мебошад. Бо мақсади муолиҷаи Блефароспазм сабаби онро бартараф сохтан лозим аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блефароспазм // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи асабшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |