Jump to content

Блог

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Блогнавис)

Блог (англ. blog, аз англ. web log — интернет-маҷаллаи ҳодисот, интернет-рӯзнома, онлайн-рӯзнома) — вебсайте, ки муҳтавиёти асосии он сабтҳои мунтазам иловашавандаи дорои матн, расм ё мултимедиа мебошад. Махсусияти Блогҳо дар он аст, ки он ҷо сабтҳои кӯтоҳи замонӣ аз рӯйи тартиби чаппаи солнома (қайди охирин аз боло меояд) ҷо ба ҷо гузошта мешаванд. Фарқи Блогро аз рӯзномаи муқаррарӣ муҳити корӣ муайян мекунад. Блогҳо, одатан, оммавӣ буда, хонандагони беруниеро ба назар мегиранд, ки онҳо бо муаллифон дар мубоҳиса шаванд (дар шарҳи ҳамин Блог ё дар Блогҳои худ). Ашхоси роҳнамои Блогро блоггер меноманд. Махсусияти дигар барои Блогҳо нашри тақризҳо ва шарҳҳо (комментҳо) аз ҷониби воридшавандагони сайт аст. Ин амал Блогҳоро ба муҳити иртиботи шабакавӣ табдил медиҳад, ки нисбат ба почтаи электронӣ (E-mail), гурӯҳҳои ахборӣ, вебфорумҳо ва чатҳо баъзе бартариҳо дорад. Зери мафҳуми Блог инчунин сайтҳои шахсӣ фаҳмида мешавад, ки асосан аз сабтҳои шахсии соҳиби Блог ва шарҳи истифодабарандагон ба сабтҳои мазкур иборат аст.

Блоги нахустин саҳифаи Тим Бернерс-Ли мебошад, ки аз соли 1992 ахбор нашр мекунад. Аз соли 1996 Блогҳо хеле маъмулу оммавӣ шуданд. Августи соли 1999 ширкати компютерии Pyra Labs аз Сан-Франсиско сайти Blogger.com-ро ифтитоҳ кард, ки якумин Блоги ройгон буд (с. 2003 ширкати (корпорацияи) Google онро харид). Ҳоло хусусияти Блогҳо на танҳо дар сохтори сабтҳо, балки дар осонии илова намудани сабтҳои нав мебошад. Истифодабаранда ба осонӣ ба вебсервер (сомона) муроҷиат мекунад, сипас раванди шинохти истифодабаранда сурат мегирад, пас ба он сабти нав афзуда мешавад. Сервер иттилоотро ҳамчун пайдарпайии ахбор пешниҳод намуда, ахбори тозаро болотар аз ҳама ҷой медиҳад. Сохтори он сохтори пайдарпайии ибтидоии рӯзнома ё маҷалларо мемонад. Хонандагон, одатан, ба Блог бо мақсадҳои зерин муроҷиат менамоянд: тамос бо наздикон, дарёфти иттилоот, мутолиа-вақтхушӣ, мушоҳидаи таассуроти омма ба ин ё он амал ва ғ.

Вазифаҳои асосии блог

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • иттилоотӣ (коммуникативӣ),
  • худмуаррифӣ, вақтхушӣ,
  • муттаҳидкунанда ва нигоҳдорандаи алоқаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • ёддоштҳо,
  • худтакомулдиҳӣ,
  • шифоӣ (психотерапевтӣ),
  • пешбурди молҳо ва хидматҳо.

Навъҳои Блог

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • аз рӯйи ҳайати муаллифон: шахсӣ (фардӣ, муал­лифӣ), гурӯҳӣ (корпоративӣ, клубӣ), коллективӣ, ҷамъиятӣ (Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ, кушода);
  • аз рӯйи мазмун: махсус (мавзӯӣ) ё умумӣ;
  • аз рӯйи мавзӯъ: сиёсат, рӯзгор, саёҳат, маориф, мӯд, мусиқӣ, варзиш, ахборию таҳлилӣ ва ғайра;
  • аз рӯйи навъи мултимедиа: матнӣ, аксӣ (фотоблог), манзаравӣ (артблог), мусиқавӣ, МРЗ-файл (подкаст, блогкастинг), видеоӣ (видеоблог);
  • аз рӯйи хусусияти ахбор: ахборӣ (контент), шарҳӣ (мониторинг), иқтибосӣ, қайдӣ (тамблелог), сплог (спам-блог), Dofollow-блог;
  • аз рӯйи асоси техникӣ: мустақил, дар блогплатформа.

Имконоти техникӣ ва маҳдуднамоии Блогҳо бо технологияҳои умумии шабака муайян карда мешавад. Барои созмон додани Блог таъминоти барномавие лозим аст, ки ба истифодабаранда барои ҳамроҳ шудан, тағйир додан ва нашр кардани сабтҳо дар Шабакаи ҷаҳонӣ (русӣ: Всемирная паутина) имкон диҳад. Чунин таъминоти барномавӣ муҳаррики Блог номида мешавад. Ғайр аз вазифаи асосӣ (ҳамроҳ намудани сабтҳои муаллиф ва нашри навбатии он) барои муҳаррикҳои муосир вазифаи стандартӣ сохтани рӯйхатҳои коркарди автоматии тозакунии RSS ва Atom, қолаббандии матн ва замимаи мултимедиа дар сабт, ҳамроҳ намудани тақризҳои хонандагон мебошад. Муҳаррики Блог метавонад дар вебфазои шахсии муаллиф (stand alone) ё дар иқтидорҳои яке аз умур, ки ба Блогҳо ҷойҳои махсус медиҳанд (блогплатформа), бошад. Блогҳо бо ҳам аз рӯйи замимаҳои технологии «трэкбэк» алоқаманданд. Онҳо метавонанд ба як «сайёраи Блогҳо» — RSS-агрегатор муттаҳид шаванд.

Солҳои охир Блогҳои сиёсӣ пайдо шудаанд, ки воқеаву рӯйдодҳои ҷаҳонро фаъолона таҳлил мекунанд. Нақши иттилоотии Блогҳо низ афзуда, бо ВАО-и расмӣ рақобати шадид пайдо кардаанд. Баъзе муаллифони мақолаҳои сиёсии Блогҳо зери таъқиби идораҳои расмӣ қарор гирифта, дар қонунгузории давлатҳо моддаҳои ҷавобгарӣ нисбат ба чунин ашхос пайдо шуда истодаанд. Аз с. 2004 мусобиқаи байналмилалии Блоги беҳтарин (The BOBs) дар 11 забони нашр баргузор мешавад.

Сервисҳои ироъи вебневишти порсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Биҳтарин ва маъруфтарин сервисҳо :

  • Сафонова Т. В. Порядок интеракции в сетевых дневниках: альтернативная экономика сообщений. СПб., 2006;
  • Волхонский В. Л. Психологические механизмы и основания классификации блогов. СПб., 2006;
  • Скотт Д. М. Новые правила маркетинга и PR. М., 2011.