Бломберген

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Бломберген
БЛÒМБЕРГЕН Николас
Сурат
Санаи таваллуд:

11 март 1920(1920-03-11) (97 сол)

Зодгоҳ:

Дордрехт

Мамлакат:
Санаи марг:

5 сентябр 2017(2017-09-05)[1] (97 сол)

Commons-logo.svg Бломберген дар Викианбор

БЛÒМБЕРГЕН Николас (11.3.1920, Дордрехт, Нидерландия), физикадони амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1945 ба ИМА муҳоҷират кардааст. Узви АИ ИМА (1960), доктори илм (1948). Соли 1946 Ф. Блох ва Э. М. Парселл ҳодисаи резонанси магнитии ядроиро дар моеъҳо ва ҷисмҳои сахт ошкор намуданд. Ҳамон сол Бломбергенро барои коркарди дастгоҳи нахустини татбиқи ин ҳодиса ба Университети Гарвард ба кор қабул карданд. Бломберген дар соҳаи спектроскопияи лазерӣ шакли нави мазери Чарлз – Таунсро сохт. Аз с. 2006 дар Университети Аризона кор мекунад. Дорандаи Мукофоти нобелӣ (1981, якҷоя бо Артур Шавлов дар соҳаи физика), мукофотҳои Оливер Бакли (1958), Моррис Либман (1959), Медали илмии миллии ИМА (1974) ва дигар медалу мукофотҳо.

Бломберген узви фахрии якчанд академияҳои ҷаҳон аст.

Сарчашма[вироиш]

  • Н. Салимов.

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2

  1. Nobelprijswinnaar Nicolaas Bloembergen (97) overleden