Jump to content

Бобак (пиряхҳо)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобак (пиряхҳо)
?
Характеристики
Намудпульсирующий 
Масоҳат77,9 км²
Расположение

Бобак (собиқ Саукдара [1]) — як гурӯҳи пиряхҳои водӣ дар Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Каюмарс (Помир), дар минтақаи қуллаи Ибни Сино (7134 м), дар сарчашмаи дарёи Сардобруд (шохоби Муғоб) ҷойгир аст.

Саукдара аз 4 пиряхи пурқувват иборат аст, ки дар солҳои 1970-ум фаъол шуданд:

  • Бобаки Поён: дарозиаш 20,6 км, масоҳаташ 23,5 км², охири пирях дар баландии 3980 м; дар миёнаҳои солҳои 1970 пешбарӣ карда шуд;
  • Бобаки боло: дарозиаш 14,3 км, масоҳаташ 23,5 км², охири пирях дар баландии 4120 м; дар солҳои 1966 ва 1974—1975 пешбарӣ шудааст;
  • Пиряхи Нусратулло Махсума: дарозиаш 14,9 км, масоҳаташ 19 км²; 1973—1975 пешбарӣ карда шуд;
  • Валӣ: дарозӣ — 7,6 км, масоҳат — 11,9 км²; дар солхҳи 1975—1977 пешбарӣ карда шудааст.