Jump to content

Бобил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Бобил
Babili(m)
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • тақрибан 150 000 тан[1]
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бобил (мехӣ: 𒆍𒀭𒊏𒆠, нависагардонӣ: аккад. KÁ.DINGIR.RAKI, аккадӣ: Bābili ё Babilim «Дарвозаи Худоҳо»; юн.-қад. Βαβυλών) — шаҳри бостонӣ дар шимоли Байнаннаҳрайн.

Бобил пойтахти Бобилистон буд. Он дар қисми марказии Байннаҳрайн, дар наздикии дарёи Фурот, ки ҳоло ал-Ҳиллаи Ироқ аст, ҷойгир буд. Нахустин ишорат дар бораи шаҳри Бобил ҳамчун Кадингир ба забони шумерӣ дар садаҳои 24–22 то м., дар замони подшоҳии Шаркалишарри буд. Шоҳ дар ин макон ибодатгоҳ сохт. Аммо тибқи иттилои дигар Бобил дар замони Саргони Агода вуҷуд дошт. Шаҳри Кадингир гӯё дар садаи 23 то м., ҳамчун мустаъмираи Эриду асос гузошта шудааст. Худои Кадингир Амар-уту(к) (Мардук)-ро писари Энки мегуфтанд. Аз ин рӯ Бобил маркази густариши устураҳои Эриду буд. Пас аз замоне, ки Эриду аз рӯйи замин ғоиб шуд, шабоҳатҳои вай боқӣ монд. Ба ҳамин сабаб «Эриду» гоҳе чун «Бобил» тарҷума мешавад. Бобил дар замони сулолаи I Бобилиён (дар садаи 19 то м.) ва дар даврони Хаммурапи (нимаи аввали садаи 18 то м.) яке аз бузургтарин марказҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва динии Байнанаҳрайн буд ва ба Осиёи Пеш таъсири зиёд дошт. Соли 1595 то м. тавассути хетҳо вайрону валангор гардид. Баъд (дар садаҳои 16–12 то м.) ба дасти ҳукуматдорони коситҳо гузашт. Дар садаҳои 12–8 то м. Бобил ба майдони муборизаи ошуриҳо, иломиҳо ва қабоили халдейҳо табдил ёфт. Солҳои 732–626 то м. тобеи давлати Ошур буд, вале мардуми он барои истиқлоли худ пайваста мубориза мебурданд. Дар натиҷа с. 689 то м. Синахериб ва с. 648 то м. Ошурбанипал Бобилро барои исёни мардум ба харобазор табдил дод. Дар солҳои 626–538 то м. Бобил истиқлол ба даст овард ва шаҳри шукуфони шоҳони нави Бобил гардид. Дар нимаи аввали садаи 6 то м. Бобил аз ҷониби Навуходоносори II эҳё гардид, дорои биноҳо, ибодатгоҳҳо, боғҳо, роҳҳои мақбул шуд. Осори сохтмонии муҳимми ин давр дарвозаи Иштар, роҳи баргузории намоишҳо ва ойинҳо, ибодатгоҳи Мардук, «Бурҷи Бобил», боғҳои муаллақ ва ғ. мебошанд. Соли 539 то м. Бобилро шоҳи Ҳахоманишиён Куруши II зери тасарруфи худ даровард ва он ба яке аз қароргоҳҳои ӯ табдил ёфт. Соли 331 то м. Бобилро Искандари Мақдунӣ ишғол кард ва онро пойтахти империяи ҷаҳонии худ интихоб намуд. Искандар дар Бобил вафот кард. Соли 312 то м. яке аз сарлашкарони Искандар бо номи Селевк, ки давлати Селевкиёнро ташкил карда буд, Бобилро ишғол намуда, бештари аҳолии онро ба пойтахти нав бо номи Селевк, ки худ асос гузошта буд, кӯчонд. Дар садаи 2 то м. ба ҷойи шаҳри Бобил харобазор боқӣ монд. Дар манобеи таърихии бостонӣ Бобил ҳамчун шаҳри бузургу зебо ёдовар шудааст. Таърихнигорон ва маъхазҳои қадим Бобилро ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни башарӣ ёдовар шудаанд. Ба гуфти Ҳеродот Бобил дорои шакли чоркунҷа буда, қалъаҳо, бурҷҳо ва 8 дарвоза доштааст. Аз дарвозаи Фурот Бобил ба ду бахш, бо рӯди об ҷудо мешудааст. Роҳ аз дарвозаи Иштар ба сӯи ибодатгоҳи Эсагила сангфарш буд. Дар шим. Бобил қасри боҳашамати Навуходоносори II, дар қисмати шарқӣ театри юнонӣ дар садаи 4 то м. мавҷуд будаст. Атрофи Бобил бо об иҳота шуда, пасон бо девор мунҳасир буд. Дар Бобил бостоншиносони олмонӣ бо сарварии Р. Колде дар солҳои 1899−1917 ҳафриёт анҷом додааст. Соли 1976 дар ҷойи Бобил дар Ироқ осорхона ва маркази таърихӣ таъсис дода шуд. Дар бораи Бобил осори бостоншиносӣ, таърихӣ, адабии зиёд таълиф шудаст, ки дар онҳо Бобил ҳамчун яке аз шаҳрҳои асосии тамаддуни башарии аҳди бостон ва маҳалли задухӯрди аввалин империяҳои ҷаҳонӣ инъикос ёфтааст. Дар остони Мозандарони Эрон низ бо номи Бобил шаҳристон ва рӯд мавҷуд аст.

  • Геродот. История. Книга первая. Клио // История античности. Т.1. М., 1989;
  • Белявский В. А. Вавилон исторический и Вавилон легендарный. М., 1971;
  • Гече Г. Библейские истории. М., 1988;
  • Кленгель-Брандт Э. Древний Вавилон / пер. с нем. М., 2002;
  • Васильев Л. С. История Востока. Т.1. М., 1994. История Востока. Т. 1. Восток в древности. М., 2000. .