Jump to content

Бобия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бобия (ар. بابیه‎), аҳли баён — фирқаи исломии бидъатомезу ислоҳгароёна, ки муассисаш Саййид Алимуҳаммади Шерозӣ мулаққаб ба Боб мебошад.

Солҳои 40 садаи XIX дар қисми ҷанубии Эрон арзи вуҷуд кардааст. Боб китобе бо номи «Баён» ба забони арабӣ таълиф намуда, онро аз Худо ба ӯ нозилшуда талаққӣ кард. Китоби мазкур шомили унсурҳои ислоҳгароёна ва матолиби тозаи ақидатӣ буд. Аз ҷиҳати Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ ақидаҳои дар «Баён» зикршуда моҳиятан ба муқобили бедодгарии феодалону рӯҳониён ва зӯроварии мамлакатҳои Ғарб нигаронда шуда буд. Уламои шиъа Бобро кофир эълон карда, дар аҳди Носируддиншоҳ ӯро аввал ҳабс карда, баъд ҳамчун муфсид ба қатл расонданд. Вале Боб қабл аз маргаш номае ба пайравонаш навишта, зуҳури пешвои дигареро баъди маргаш хабар дод.

Ҳаракати Бобия вақте ба вуҷуд омад, ки дар Эрон шароити мусоид барои он пайдо шуда буд. Дар натиҷаи зулму тааддии Қоҷориён ҷунбиши зидди низоми шоҳ ба авҷи ҳаракати Бобия мусоидат кард. Аз ин рӯ, муҳаққиқон ин фирқаро мисли ботинияву исмоилия наҳзати динию Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ арзёбӣ намудаанд.

Дар таълимоти Бобия тавҳиди илоҳӣ нигоҳ дошта шудааст. Мувофиқи он Худованд яккаву ягона шинохта шуда, Алимуҳаммади Шерозӣ оинае дониста мешавад, ки Борӣ таъоло дар он таҷаллӣ намудааст. Худо ба тавассути ҳафт сифат (қазо, қадар, ирода, рағбат, узн, аҷал ва китоб) оламро офаридааст. Бобия давраи пайғамбарии Мусою Исо ва Муҳаммадро тайшуда, Қуръону шариатро куҳнашуда эълон карда, ба ҷойи пайғамбар худаш ва ба ҷойи Қуръон асараш «Баён»-ро гузоштааст. Бобия баробарии одамонро тарғиб карда, баробарии молу мулкро низ талқин мекард, ки ҳамин муносибати ӯ боиси густариши таълимоташ гардид. Бобиён бар хилофи таълимоти расмӣ озодии занонро низ талаб менамуданд. Онҳо адади 19-ро барои худ муқаддас мешумурданд. Соли онҳо 19 моҳ, моҳашон 19 рӯз ва як сол баробар ба 361 рӯз буд. Корҳои умумии фирқаи Бобияро ҷамоати бобиён идора мекард, ки 19 аъзо дошт. Масъалаҳои шаръиро онҳо ба таври махсус ҳал менамуданд. Аз 11-солагӣ ба издивоҷ иҷозат дода мешуд, талоқ умуман манъ буд, вале бевагон (мард ё зан) дар сурати додани «дия» аз нав оиладор шуда метавонистанд. Бобиён ба таълими фарзандон аҳаммияти махсус медоданд, ҳар рӯз 19 пора аз «Баён» хонда, 361 бор зикр кардани номи Худоро фарз медонистанд, ҳангоми дафн ба дасти рости майит ангуштар меандохтанд. Рӯзадорӣ фарз ва моҳи рамазон аз 19 рӯз иборат буд ва барои шахсони аз 11 то 42-сола рӯзадорӣ шарт буд. Ҳаҷ дар Бобия зиёрати ҷойи таваллуд ва маҳалли ҳабси Боб эълон шуда буд. Як силсила фароизи динии дигаре низ мавҷуд буданд, ки тарзи иҷрои онҳо аз фароизи дини ислом фарқ мекарданд. Ақидаҳои демократии Бобияро пайравонаш Мирзояҳё му­лаққаб ба Субҳи Азал ва Баҳоуллоҳ инкишоф доданд. Дар натиҷаи тарғибу ташвиқи шадиди бобиён таълимоти онҳо дар муддати кӯтоҳ саросари Эронро фаро гирифт ва ба шӯриш сабзида расид. Шӯришҳои калонтарин дар Мозандарон (1848-49), Занҷон ва Найроз (1850) рух доданд. Шӯришгарон барҳам додани моликияти хусусӣ, хироҷу андозҳои гуногун ва имтиёзҳои синфи ҳукмронро талаб менамуданд. Қувваҳои ҳарбии ҳукумат бо дастгирии рӯҳониёни шиъа шӯриши Бобияро фурӯ нишонданд. Минбаъд дар натиҷаи ихтилофи ақидатӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистони моӣ байни роҳбарони Бобия — Субҳи Азал ва Баҳоуллоҳ он ба ду шоха — азалия ва баҳоия ҷудо шуд. Пайравони ҳар ду шоха Бобияро на фақат дар Хуросон, балки дар Амрико ва Аврупо (байни эрониёни муқими ин маҳалҳо) низ институтишор доданд.

  • Ҳазратӣ М., Саидиён И. Ислом. Равия, мазҳаб ва фирқаҳои он. Д., 1992;
  • Васильев Л. С. История религии Востока. М., 1983;
  • Мруэ Х. Подход к исламским течениям // Проблемы мира и соцализма. М., 1987, № 4.