Jump to content

Бобозокирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бобозокирӣ — як навъ ангури пешпазаки маҳал­лӣ; селексияи халқист.

Токаш зуд­сабз, 38–43 дарсади нав­да­ҳо­яш ҳосилдеҳ (65–70 дарсади нав­даҳояш то ох. фасли тирамоҳ мерасанд). Баргаш миёнаҳаҷ­ми гирда, 3–5-пар­раи камчок. Рӯйи лаъличаи барг суфта, саб­зи баланд, бепашмак. Гулаш дуҷинс. Хӯшааш зағӯта­мо­нанди миё­наҳаҷм (дарозиаш 22 см, бараш 18 см). Ғужбаш миё­наҳаҷми дароз­рӯя (дар ҳар хӯша 180–190-донагӣ зич ҷой гирифтааст; вазнаш 240–280 г), гулобиранги сурхтоб (3–4 дона тухми майдаи лӯнда дорад). Ғужмаш тунуки маҳин, мағзи мевааш хамирак, карсосӣ, сершираи хуштаъм. Ҳангоми пурра пухтан 16–17% қанд ва 3,5–4 г/л туршӣ дорад. Давраи нашваш 110–115 рӯз; авв. май гул карда, нимаи июл мевааш мепазад. Аз 1 га 160–170 сентнер ҳосил мегиранд. Дар заминҳои санглох ва шӯр­хок ҳангоми 6–8 буғум монда буридани химчаҳо ҳосили зиёд медиҳад (муғҷаҳои қисми поёнии навдаҳояш кам­ҳоси­л­анд). Кундаҳои ало­ҳи­даи токаш дар ҳаётаи сокинони шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Б. Ға­фуров, Конибодом дучор мешавад. Ба хушкӣ ва касалии гарда нисбатан тобовар бу­да, аз сармо зарар мебинад.

  • Рубин Н. Г. Сорта винограда Средней Азии. Ташкент, 1972;
  • Ампелография Узбекистана. Ташкент, 1972;
  • Ампелография Узбекис­тана. Ташкент, 1984.